Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Русия боз як тоҷик кушта шуд


Ба навиштаи сомонаи интернетии Фонтанка.ру, шаби гузашта дар ноҳияи Всеволожскии вилояти Ленингради Русия як нафар шаҳрванди 41-солаи Тоҷикистон кушта шудааст. Ин сарчашма навиштааст, ки ҷисми беҷони шаҳрванди Тоҷикистон бо захмҳои зиёди аз корду оҳанпора бардошта дар яке аз кучаҳои марказии ин ноҳия кашф шудааст. Дар бораи ҳуввияти марҳум маълумоте дода нашудааст. Гуфта мешавад, дар робита ба ин қазия парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ шудааст.

XS
SM
MD
LG