Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сабқат барои курсии президенти Сербия идома меёбад


Комиссиюни Марказии интихоботии Сербия хабар дод, ки баъди баршумурдани 85 дар сади баргаҳои раӣъ дар сабқат барои курсии раисиҷумҳур номзади аҳзоби мухолиф Томислав Николич пешсаф аст. Гуфта мешавад, ки ба ӯ беш аз 39 дар сади интихоботкунандагон раъй додаанд. Аз ҳарифи аслии ӯ - раисиҷумҳури феълии Сербия Борис Тадич каме бештар аз 35 дар сади афроди соҳиби ҳаққи раӣъ пуштибонӣ кардаанд. Ҳамчунин хабар дода мешавад, ки беш аз 60 дар сади интихоботкунандагон пойи қуттиҳои раӣъдиҳӣ омадаанд.

Комиссиюни Марказии интихобот ҳадс мезанад, ки раисиҷумҳури Сербия дар даври дуввум, дар сабқати миёни Николич ва Тадич интихоб хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG