Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исроил мушаки баллистикӣ озмоиш кард


Вазорати дифоъи Исроил имрӯз эълом кард, ки як мушаки баллистикиро бомуваффақият озмоиш кардааст. Ба иттилоъи Радиои Артиши Исроил, ин мушак қодир ба ҳамли “кулоҳаки ғайримаъмулӣ” мебошад. Исроил тайи чанд соли ахир ба хотири муқобила бо таҳдиди ҳамалоти мушакӣ аз кишварҳои ҳамсояи арабӣ ва Эрон талошҳои низомиашро афзоиш додааст. Исроил, ки ба бовар меравад, соҳиби бомби атомӣ мебошад, гуфтааст, ки мушакҳои дурпарвоз низ месозад.

XS
SM
MD
LG