Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти гумонбарони ҳамла ба меҳмонсарои Кобул


Хадамоти иттилоотии Афғонистон ду гумонбари ҳамла ба як меҳмонхонаи Кобулро шоми дирӯз боздошт кардааст. Вазорати дохила гуфт, ки дасти кам 7 нафар, аз ҷумла як ҷангӣ ва худи ҳамлагар дар ҳодисаи таркиши меҳмонхонаи "Серена" ба ҳалокат расиданд. Мақомоти ҳотел ва ҳукумат мегӯянд, ки се шаҳрванди хориҷии қурбонии таркиш - яке зани филиппинии коргари меҳмонхона, аксбардори норвежӣ ва як шаҳрванди амрикойӣ будаанд. Амонуллоҳ Солеҳ, раҳбари хадамоти иктишофии Афғонистон гуфт, ки ба меҳмонхона чаҳор ҷангӣ ҳамла намуданд ва яке аз онҳо бомбаи худкушро дар даромадгоҳ ба кор андохт. Нафари дигар аз ҳамлагарон, ки ҳамчунон тасмаи ҳомили бомба доштааст, аз ҷониби амниятиҳо кушта шуд. Ду ҳамлагари дигар дар пайи ин ҳодиса боздошт шуданд. Вазорати хориҷаи Норвегия ва ҳайати кормандони сафорати Австралия ҳангоми таркиш дар дохили ҳотел буданд, аммо ба онҳо осебе нарасидааст. Масъулияти ҳамларо Толибон ба гардан гирифтанд. Дар ҳамин ҳол, Зубайдуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи толибон имрӯз таҳдид кард, ки ҳамлаҳои онҳо зидди ғарбиҳо дар тарабхонаҳои Кобул афзоиш хоҳад ёфт.

XS
SM
MD
LG