Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагиҳо ба Пекин-2008


Маҷаллаи «Ҷаҳони варзиш» аз студияи Радиои Озодӣ дар шаҳри Душанбе тақдими шумо мегардад.

Дар саҳифаи аввали барномаамон бо муҳимтарин рӯйдодҳои варзишӣ ошно мешавед.

Аз 8-ум то 24-уми августи соли 2008 дар Ҷумҳурии Мардумии Чин 29-умин давраи Бозиҳои тобистонаи олимпӣ баргузор мешавад. Дар айни ҳол, Кумитаи тадорукоти Олимпиадаи Пекин ба ин чорабинии бузургтарини варзишӣ фаъолона омодагӣ мегирад. Дар ин Бозиҳо барои ғолибони олимпиада ва онҳое, ки ҷойҳои дувуму севумро соҳиб мешаванд, 302 маҷмӯъи медалҳо таъсис дода шудааст. Дар мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳо даҳуним ҳазор варзишгар аз кишварҳои мухталифи ҷаҳон дар 28 навъи варзиш рақобат хоҳанд кард. Эстафета ё роҳпаймоии машъали олимпӣ ба воситаи кишварҳои панҷ қитъаи олам сурат гирифта, тӯли 140 рӯз идома хоҳад кард. Ва барои аввалин бор дар таърихи Бозиҳои олимпӣ машъал ба баландтарин қуллаи ҷаҳон – Эверест бароварда мешавад.

Машъали Олимпиада дар Чин моҳи марти соли ҷорӣ, яъне 5 моҳ қабл аз оғози бозиҳо фурӯзон хоҳад шуд. Дар назар аст, ки дар роҳпаймоии машъали олимпӣ наздики 15 ҳазор нафар ширкат хоҳанд кард.

Варзишгарони тоҷик низ ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2008 ҳамаҷониба омодагӣ мебинанд. То имрӯз онҳо ба Олимпиадаи Пекин се роҳхат ба даст овардаанд.

Ёдовар мешавам, гурзандоз Дилшод Назаров аз байни варзишгарони Тоҷикистон нахустин шуда соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Пекин гардидааст. Паҳлавони тоҷик Расул Боқиев дуввумин варзишгари Тоҷикистон аст, ки ба Бозиҳои олимпии соли 2008 роҳхат гирифтааст.

Роҳхати севвумро ба Олимпиадаи Пекин намояндаи дигари Тоҷикистон Юсуф Абдусаломов ба даст овардааст.

Ӯ, ки аслан дар Доғистони Русия ба сар мебарад, дар арафаи Соли нави 2008 бо даъвати раҳбарони кумитаҳои варзишу олимпии кишвар барои ширкат дар мулоқоти раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо беҳтарин варзишгарони сол ба шаҳри Душанбе омад. Ӯ аз ҷониби раисҷумҳур бо мукофоти пулӣ ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ шуд.

Пас аз ин мулоқот хабарнигори Радиои Озодӣ бо Юсуф Абдусаломов ҳамсӯҳбат шуд. Ӯ нахуст дар бораи шарҳи ҳоли худ ҳарф зад:

«Ман 8-уми ноябри соли 1977 дар деҳаи Ансалтаи Доғистон таваллуд шудаам. Факултаи варзиши Донишгоҳи давлатии омӯзгории Доғистонро хатм кардаам. Оиладорам. Соҳиби се фарзанд – ду духтару як писар ҳастам. Ман дар оилаи серфарзанд, ки аз 11 нафар – 5 писару 6 духтар иборат аст, ба дунё омадаам. Ва дар оилаамон ман аз ҳама хурдсол мебошам. Ҳамаи бародаронам гуштигиранд, вале ба мисли ман натоиҷи баланд ба даст наовардаанд. Вақте ки ман ҳамагӣ 12 сол доштам, аввалин пирӯзӣ насибам гардид. Дар деҳаи кӯҳистони мо ҳар сол сабқати паҳлавонӣ баргузор мешавад ва ман дар яке аз чунин қувваозмоиҳо бар ҳамаи ҳарифони ҳамсоли худ пирӯз шуда, ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтам. Баъдан қаҳрамони ноҳия, минтақа ва ҷумҳурӣ гардидам. Ва аллакай 18 сол аст, ки рӯи гилеми гуштигирӣ ҳунарнамоӣ мекунам.»

Юсуф Абдусаломов аз соли 2002 дар мусобиқоти ҷаҳониву қитъавӣ ва олимпӣ шарафи Тоҷикистонро ҳимоя мекунад. Вай мегӯяд:

«Ман дар як мусобиқаи байнулмилалӣ бо ширкати зӯртарин гуштигирон барои дарёфти ҷоизаи паҳлавони номӣ Алӣ Алиев пирӯз гардидам. Дар ин мусобиқа раҳбарони варзиши тоҷик низ ҳузур доштанд ва ҳунарнамоии ман ба онҳо писанд омад. Маро барои ширкат дар ҳайати дастаи мунтахаби гуштии озоди Тоҷикистон дар мусобиқоти мухталиф даъват карданд. Ва, инак, беш аз панҷ сол аст, ки Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳон намояндагӣ мекунам. Ман Тоҷикистонро ватани аввали худ меҳисобам, зеро ки ба он бисёр одат кардаам. Дар ин ҷо дӯстонам бисёранд ва ба ман хеле таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир мешавад. Ман худро русиягӣ намеҳисобам, маро дар ҳама ҷо ҳамчун тоҷик мешиносанд ва хеле ҳам хушнуду сарфарозам, ки Тоҷикистон ва мардуми тоҷикро намояндагӣ мекунам.»

Устоди дараҷаи байнулмилалӣ Юсуф Абдусаломов дар ҳайати дастаи мунтахаби гуштии озоди Тоҷикистон соли 2002 дар Бозиҳои Осиёӣ дар шаҳри Бусани Куриёи Ҷанубӣ дар рақобатҳо дар вазни зери 74 килограмм мақоми дувумро касб карда, барандаи медали нуқра гардидааст. Вай соли 2003 дар панҷумин давраи Бозиҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе ба дарёфти медали тилло ва унвони қаҳрамонӣ даст ёфтааст. Соли 2004 ӯ дар Бозиҳои олимпӣ дар Юнон дар байни нӯҳ гуштигири зӯртарини олам ҷой гирифтааст.

Соли 2007 низ барои Юсуф Абдусаломов соли бобарору хотирмон гардид. Вай дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гуштии озод дар шаҳри Боку дар сабқати ниҳоӣ дар вазни зери 84 килограмм соҳиби медали нуқра ва роҳхат ба Олимпиадаи Пекин шуд. Ба гуфтаи Юсуф Абдусаломов, вай дар ин мусобиқот бо кӯмаку дастгирии бародарону наздикон ва устодаш Муҳаммад Дибиров ширкат варзид. Вай дар чаҳор рақобат гуштигири Узбакистон Заурбек Соҳиев, паҳлавони Куриёи Ҷанубӣ Дун Ли, намояндаи Қазоқистон Геннадий Лалиев ва гуштигири Туркия Сулаймон Балкиро шикаст дода, ба сабқати ниҳоӣ роҳ ёфт. Вале дар муборизаи пуршиддат барои дарёфти медали тилло аз қаҳрамони Русия Георгий Кетоев мағлуб шуд ва бо медали нуқра сарфароз гардид. Зимнан, ин аввалин медали варзишгарони тоҷик дар риштаи гуштии озод дар сабқати ҷаҳонӣ маҳсуб мешавад.

Легионер Юсуф Абдусаломов барои дуввумин бор аст, ки шарафи Тоҷикистонро дар Бозиҳои олимпӣ ҳимоя хоҳад кард. Ӯ чунин иброз дошт:

«Таваҷҷӯҳи раҳбарони кумитаҳои Олимпию варзиши Тоҷикистон, раисҷумҳур моро вазифадор мекунад, ки аз Олимпиадаи Пекин бо медал баргардем. Бинобар ин кори мо тамрин кардан, мубориза бурдан ва натоиҷи баланд ба даст овардан аст.»

Соли 2008 варзишгарони тоҷик дар риштаҳои бокс, гуштии фарангӣ ё юнонию румӣ, камонварӣ, варзиши сабук ва тирандозӣ барои дарёфти роҳхатҳо ба Олимпиадаи Пекин талош хоҳанд кард. Муштзани машҳури тоҷик Шералӣ Достиев аз зумраи онҳост. Ва дар саҳифаи охирини барномаамон сӯҳбати мо бо донишҷӯи Донишгоҳи варзиши Тоҷикистон, узви дастаи мунтахаби бокси кишвар, устоди шоистаи варзиш Шералӣ Достиев ба таваҷҷӯҳи шумо пешкаш мешавад:

«Мо дар айни ҳол ба сабқати интихобии олимпӣ, ки ахири моҳи январ дар Тайланд баргузор мешавад, омодагӣ мебинем. Ман кӯшиш ба харҷ медиҳам, ки соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Пекин шуда, барои дувумин бор шарафи Тоҷикистонро дар Бозиҳои олимпӣ ҳифз намоям. Ҳамчунин ҳамдастаҳои ман, муштзанҳои моҳир Ҷаҳон Қурбонов, Анвар Юнусов, Маъруф Файзуллоев ва Шералӣ Маҳмадалиев низ барои дарёфти роҳхатҳои олимпӣ талош хоҳанд кард.»

XS
SM
MD
LG