Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теъдоди қурбониён дар Ироқ аз пиндор бештар аст


Дар Ироқ баъд аз шурӯъи амалиёти низомии ИМА дар моҳи марти соли 2003 беш аз 153 ҳазор тан аз мардуми осоишта кушта шудаанд. Дар ин бора ахиран Созмони ҷаҳонии беҳдошт хабар дод. Ба гуфтаи раҳбарони созмон, ин арқом назар ба арқоме, ки созмонҳои ироқӣ дар пояи ахбори расонаҳо ҷамъ овардаанд, се карат бештар аст.

Иттилоъ дар бораи мардуми осоиштае, ки баъди шурӯъи амалиёти низомии Амрико дар Ироқ ба ҳалокат расидаанд, зиддуннақиз аст. Мақомоти Иёлоти Муттаҳида ин мавзӯъро арзёбӣ намекунанд, фақат боре раиси ҷумҳур Ҷорҷ Буш гуфта буд, ки амалиёти низомӣ дар Ироқ мунҷар ба ҳалокати тақрибан 30 ҳазор нафар шудааст.

XS
SM
MD
LG