Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пхенян барномаи ҳастаяшро махфӣ пеш мебарад


Музокирот оид ба барномаи ҳастаии Кореяи Шимолӣ шояд дубора ба бунбаст ворид шавад. Сонг Мин Сун, вазири хориҷаи Кореяи Ҷанубӣ имрӯз изҳор кард, ки ҷонибҳои вориди музокирот аз иттилоъ дар бораи коркарди барномаи махфии ғанисозии ураниум аз сӯи Пхенян нигаронанд.

Қаблан Кореяи Шимолӣ ӯҳдадор шуда буд, ки то охири сол ба ивази кумакҳои байнулмилалӣ фаъолияти ҳама муассисаҳои ҳастаии худро қатъ мекунад ва иттилоъи комил дар бораи барномаҳои ҳастаияшро дар ихтиёри кишварҳои вориди музокирот мегузорад. Ва аммо ахиран иттилоъ расид, ки Пхенян яке аз ҳамин гуна барномаҳояшро махфӣ нигаҳ доштааст.

Дар музокирот оид ба барномаи ҳастаии Кореяи Шимолӣ ба ҷуз ин кишвар ва Кореяи Ҷанубӣ боз ҳайатҳои Иёлоти Муттаҳида, Русия, Чин ва Ҷопон ширкат мекунанд.

XS
SM
MD
LG