Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи Узбакистон баргузоршуда эълон шуд


Ислом Каримов баъди 18 соли ҳукуматронӣ бори сеюм номзадии худро пешниҳод намудааст
Ислом Каримов баъди 18 соли ҳукуматронӣ бори сеюм номзадии худро пешниҳод намудааст

Кумитаи марказии интихоботии Узбакистон интихоботи раисҷумҳури ин кишварро баргузоршуда эълон кард.

Раиси Кумитаи марказии интихоботии Узбакистон Мирзоулуғбек Абдусаломов дар ҳузури хабарнигорон гуфт, то нисфирӯзӣ қариб 60 дарсади мардуми ҳаққи овоздиҳидошта дар интихобот ширкат кардаанд. Ба қавли раиси Мирзоулуғбек Абдусаломов, «интихобот мутобиқи қонунҳои кишвар ва меъёрҳои байнулмилалӣ сурат мегирад».

Вале аксарияти коршиносон ва созмонҳои байнулмилалии ҳуқуқи башар интихоботи раисҷумҳури Узбакистонро ҳануз қабл аз оғози он мавриди интиқод қарор доданд, зеро ба гуфтаи онҳо, тибқи сарқонуни Узбакистон, як нафар шаҳрванди ин кишвар ҳақ надорад беш аз ду давра президентӣ кунад ва Ислом Каримов бар хилофи сарқонуни кишвари худ бори сеюм аст, ки номзадии худро пешниҳод кардааст.

Дар интихоботи раисҷумҳури Узбакистон 4 номзад, аз ҷумла раисҷумҳури феълии Узбакистон Ислом Каримов, Дилором Тошмуҳаммадова, ҷонишини раиси порлумон ва номзад аз Ҳизби сотсиал-демократ, Аслиддин Рустамов, ҷонишини раиси парлумони Узбакистон ва номзад аз Ҳизби халқӣ-демократӣ ва Акмал Саидов, раиси Маркази миллии ҳуқуқи башар, ширкат меварзанд.

XS
SM
MD
LG