Дар интихобот 4 номзад, аз ҷумла раисҷумҳури феълии Узбакистон Ислом Каримов, ки 18 соли ахир дар сари қудрат будааст, Дилором Тошмуҳаммадова ва Аслиддин Рустамов, ҷонишинҳои раиси парлумони Узбакистон ва Акмал Саидов, раиси Маркази миллии ҳуқуқи башар, ширкат меварзанд.
Раванди интихоботро нозирон аз 30 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла 26 намояндаи Созмони ҳамкорӣ ва амнияти Аврупо, назорат мекунанд. Ҳукумати Узбакистон қабл аз интихобот аксарияти намояндагиҳои созмонҳои байнулмилалии ҳуқуқи башар дар ин кишварро бастааст ва ба хабарнигорони хориҷӣ иҷозати вуруд ба Узбакистонро надодааст.
Ҳамчунин Кумитаи марказии интихоботи Узбакистон ҳини интихобот гузаронидани ҳар гуна назарпурсиҳои ғайрирасмиро, ки дар интихоботҳои кишварҳои демократӣ маъмул аст, манъ кардааст ва эълон намудааст, ки натиҷаҳои муқаддамотии интихоботи раисҷумҳур танҳо фардо, 24 декабр, маълум хоҳад гашт.
Ҳамзамон таҳлилгарони сиёсӣ ва созмонҳои байнулмилалӣ бе чуну чаро интихоб шудани Ислом Каримовро пешгуӣ кардаанд. Ба гуфтаи онҳо, се нафар рақибони Ислом Каримов гумоштагони худи ӯ мебошанд ва аз сиёсати Каримов ҷонибдорӣ мекунанд. Аҳзоби мухолиф, ба мисли «Бирлик», «Эрк» ва «Озод деҳқон» ба ин интихобот роҳ дода нашудаанд.
хуб мешуд мушкилиро хал мекардед на ин кт бо нишон додани афсарон балки бо сухбати мардум. ин афсаронамизодаи ин ватананд. афсуски намефахмед
Рохи студентхо кай кушода мешавад?
Барои чи ягон журналист савол намедихад дар вакти мачлис е баромадаш ба президент ки пулхои карз гирифтаро кай месупоред еки Давлат метавонад аз ухдаи ин миллиард доллар карзхо барояд то ки мардум фахманд
Интернети 250 гузарони не кух халал мерасонад не мавч
Чихел паст ман шумода ҳайрон.Ман Билаен истифода мебарам дар як моҳ панҷо сомони интернет чорҷи як моҳ бепул шабу рӯз боз 100 минут ба дигар тарафҳо