Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин номаи Ҷорҷ Буш ба Ким Йонг Ил


Раиси ҷумҳури Амрико Ҷорҷ Буш дар нахустин иртиботи мустақим бо раҳбари Куриёи Шимолӣ Ким Йонг Ил аз ӯ хостааст, дар аҳдаш содиқ бимонад ва то охири сол барномаи ҳастаии кишварашро ба куллӣ ошкор кунад.
Сухангӯи ҳукумати Амрико Дан Перино гуфт, ки раиси ҷумҳур Ҷорҷ Буш рӯзи якуми декабр бо ирсоли номае ба унвони Ким Йонг Ил навиштааст, ки талошҳо барои хотима додан ба барномаҳои ҳастаии Куриёи Шимолӣ ба "марҳилаи фавқуллодае" расидааст. Ҷорҷ Буш дар гузашта аз иртиботи мустақим бо Ким Йонг Ил худдорӣ варзида ва Куриёи Шимолиро дар баробари Эрону Ироқ дар соли 2002 –ум меҳвари шарорат хондааст.
XS
SM
MD
LG