Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Полиси Берлин Окруашвилиро боздошт кард


Мақомоти Берлин вазири собиқи дифои Гурҷистон Иракли Окруашвилиро боздошт карданд, ки аз ҷониби мақомоти кишвараш дар ришвату фасод ва суӯистифода аз мақом муттаҳам мешавад. Михаел Грунвалд, сухангӯи додситонии Берлин дар сӯҳбат бо бахши гурҷии радиои Озодӣ гуфт, ки Окруашвилӣ дар як меҳмонхонаи Берлин боздошт шуд ва дастгиршавии вайро мақомоти Гурҷистон тавассути Интерпол дархост кардаанд. Грунвалд гуфт, ки мақомоти Гурҷистон ҳоло интизори далелҳои гунаҳгор будани Окруашвилӣ ҳастанд, то ки вайро ба мақомоти интизомии Тифлис таслим кунанд. Иракли Окруашвилӣ ахиран ба яке аз мунаққидони шадидлаҳни сиёсати Михаил Саакашвилӣ, раиси ҷумҳурии Гурҷистон табдил шуд. Вай моҳи сентябр бо иттиҳоми ришвахорӣ, пулшӯӣ ва сӯиистифода аз мақом боздошт ва бар ивази гаравпулӣ озод шуд.
XS
SM
MD
LG