Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Дар интихоботи Қирғизистон 12 ҳизб ширкат мекунад

Камиссиюни марказии интихоботҳои Қирғизистон 12 ҳизби сиёсиро барои ширкат дар интихоботи парлумонии 16 декабр роҳ дод. Ин аҳзоб - "Янги кӯч", "Оқҷол", "Тӯрон", "Эркин Қирғизистон" ва "Эл добушу" мебошанд. Дар маҷмӯъ, аз 12 ҳизби довталаби ширкат дар интихоботи пеш аз вақти парлумонӣ 12 ҳизб иҷозаи камиссиюнро дарёфт кардаанд. Дирӯз охирин рӯзи сабти номи ширкатдорони интихобот будааст. Раҳбарони бархе ҳизбҳо, ки бо сабабҳои мухталиф барои сабтиноми худ дар Камиссиюни интихоботӣ ноком шуданд, мегӯянд, ин тасмим ангезаҳои сиёсӣ дошта, онҳо ният доранд, ба додгоҳ шикоят баранд.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Радиои Озодӣ надодани иҷозаи кор ба хабарнигоронро дар Қазоқистон танқид кард

Санат Урналиев, хабарнигори Радиои Озодӣ дар Қазоқистон ду сол пеш аз сӯи пулис боздошт шуда буд. Акс аз бойгонӣ.

Радиои Аврупои Озод / Радиои Озодӣ мақомоти Қазоқистонро барои надодани иҷозатномаи кор ба ду хабарнигори ин радио дар Қазоқистон танқид ва ин иқдоми мақомоти Қазоқистонро талоши дахолат ба фаъолияти радио номид. Мақомоти Қазоқистон ба Санат Урналиев ва Мария Мелникова иҷозаи кор надоданд.

Ҷеймӣ Флай, президенти Радиои Озодӣ дар номае рӯзи 19-уми феврал ба унвонии вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Мухтор Тлеубердӣ тасмими надодани иҷозаи корро "худсарона" ва "охирин нишонаи амалҳои ғайриқонунӣ" нисбати рӯзноманигорон унвон кард.

Оқои Флай гуфт, Санат Урналиев, яке аз ду хабарнигоре, ки иҷозаи кор дарёфт накардааст, рӯзноманигори дар сатҳи байналхалқӣ эътирофшуда аст ва аз соли 2014 ба ин тараф дар бахши қазоқии Радиои Озодӣ кор мекунад.

Президенти Радиои Озодӣ дар номааш навиштааст, ки сарпечӣ кардани мақомот аз додани иҷозаи кор монеи инъикоси ҳаводиси дохили Қазоқистон мешавад.

Ҷеймӣ Флай ҳамзамон аз фишор ва таъқиби рӯзноманигорон аз сӯи мақомоти Қазоқистон дар соли 2019 танқид кард. Вай навиштааст, ки ин фишорҳо то он ҳад "ҷиддӣ ва зиёд" буданд, ки сабаб шуданд, ба дастгоҳи раисҷумҳури Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев расман шикоят бурда шавад.

Ҷеймӣ Флай гуфт, мақомоти Қазоқистон мисли мақомоти Тоҷикистон намехоҳанд, ба хабарнигорон иҷозаи кор диҳанд. Ва мақомоти ин ду кишвар "аз аккредитатсия ҳамчун абзори назоратии фаъолияти радио" истифода мекунанд. Айни ҳол ҳафт хабарнигори бахши тоҷикии Радиои Озодӣ дар интизори дарёфти иҷозатномаи кор ҳастанд.

Флай аз мақомоти Қазоқистон хост, ки фавран ба хабарнигорони Радиои Озодӣ иҷозаи кор диҳанд ва уҳдадориҳои байналхалқии Қазоқистонро иҷро кунанд.

Узбекистон шомили сегонаи бузургтарин содиркунандаҳои либос ба Қазоқистон шуд

Як корхонаи истеҳсоли атлас дар Узбекистон. Акс аз бойгонӣ.

Узбекистон дар соли 2019 ба Қазоқистон 10 ҳазор тонна либос содир кардааст. Дар ин бора расонаҳои маҳаллӣ хабар медиҳанд. Ҳаҷми умумии воридоти саноати сабуки Қазоқистон дар соли 2019 бештар аз 670 миллион доллари ИМА (наздики 62 ҳазор тонна)-ро ташкил додааст.

Қариб нисфи ин маҳсулот (31 тонна) аз Чин ворид мешавад. Ба ибораи дигар, Чин ба Қазоқистон дар ҳаҷми бештар аз 181 миллион доллар либос фурӯхтааст.

Мақоми дувумро Русия соҳиб шудааст, ки ба Қазоқистон 10,5 ҳазор тонна либос ворид кардааст. Русия дар ин ивази ин маҳсулот 195 миллион доллар даромад дидааст.

Ҳарчанд Узбекистон ба сегонаи бузургтарин содиркунандаи маҳсулот ба Қазоқистон ба ҳисоб рафтааст, аммо қариб 10 баробар даромади камтар дидааст.

Қазоқистон ҳамзамон аз Туркия, Бангладеш, Белорус ва кишварҳои дигар ҳам либос ворид мекунад.

Боздошти 6 қирғизистонӣ бо гумони терроризм дар Москва

Пулиси Русия. Акс аз бойгонӣ.

Шаш шаҳрванди Қирғизистонро дар шаҳри Москваи Русия бо гумони терроризм боздошт карданд. Дар ин бора расонаҳои русӣ бо истинод ба хадамоти матбуотии додгоҳи пойтахти Русия иттилоъ додаанд.

Додгоҳи Мешанскийи Москва гумонбаронро то 17-уми марти соли равон ба ҳабси пешакӣ гирифтааст. Қирғизистониҳо ба ташкили гуруҳи экстремистӣ айбдоранд.

Хадамоти матбуотии сафорати Қирғизистон дар Русия гуфт, шахсияти боздоштшудаҳо ва қазияро таҳқиқ доранд.

Мушовири пешини Трамп 3 солу 4 моҳ зиндонӣ шуд

Роҷер Стоун, мушовири пешини Доналд Трамп.

Додгоҳе дар ИМА мушовири пешини президент Доналд Трамп -- Роҷер Стоунро 3 солу 4 моҳ аз озодӣ маҳрум кард. Ӯ пештар дар додани баёноти дурӯғ ба Конгресс, монеи адолат шудан ва фишор овардан ба шоҳидон айбдор дониста шуда буд.

Айбҳои зидди Стоун ба тафтишоти додситони махсуси Амрико Роберт Мюллер дар бораи эҳтимоли дахолати Русия ба интихоботи он кишвар рабт дорад. Дар асоси ин тафтишот пештар низ чандин узви ситоди Трамп ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.

Стоун дар ҷаласаи Палатаи намояндагони ИМА дар бораи иртиботи худ бо сомонаи WikiLeaks, ки компютерҳои Ҳизби демократро рахна ва санадҳоеро нашр карда буд, баёноти дурӯғ додааст. Тавре муайян шуд, Стоун медонистааст, ки WikiLeaks санадҳои дуздидашуда аз компютерҳои Ҳизби демократро дар ихтиёр дорад.

Додситон барои мушовири 67-солаи пешини Трамп аз 7 то 9 соли зиндонро талаб карда буд. Ин дархост хашми Трампро ба бор овард. Додситони кулли ИМА Уилям Барр дастур дод, ки ҳукм бозбинӣ шавад. Дар натиҷа чаҳор додситон, ки парвандаро тафтиш мекарданд, истеъфо доданд. Демократҳо Трампро дар монеъ шудан ба адолат айбдор карданд.

Дар Туркманистон бо пули мардум 10 млн дарахт мешинонанд

Дар муассисаҳо ва ширкатҳои давлатии Туркманистон ҷамъоварии маблағ барои дарахтшинонӣ шуруъ шудааст. Аз ҳар кадом корманд аз 70 то 100 манат (мутаносибан 20-28,5 доллари ИМА бо қурби расмӣ) талаб доранд.

Ҷамъоварии маблағ ду рӯз баъд аз фармони президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар бораи шинондани 10 миллион дарахт шуруъ шуд.

"Имрӯзҳо аз ҳамаи кормандони давлатии ноҳияҳо ва шаҳрҳои вилояти Лебап барои дарахтшинонӣ маблағ талаб доранд. Маблағро роҳбарони муассисаҳо ҷамъ меоранд",-хабар дод як манбаъ аз Туркманистон.

"Бо ин маблағҳо ниҳол, каланд ва сатил мехаранд. Ба ҷуз ин, масъулон бо маблағи ҷамъоваришуда харҷҳои дигар, аз ҷумла ташкили чорабиниҳоро мепӯшонанд",-гуфт манбаъ.

Чин аз кам шудани гирифторӣ ба коронавирус хабар дод

Як бемористони Чин. 5-уми феврал, 2020.

Чин дар бораи кам шудани шумораи ҳолатҳои гирифтории нав ба коронавирус гузориш дод ва умеворӣ кард, ки ин бемории ҳамагир шояд ба авҷи худ наздик мешавад. Аммо марги одамон ҳанӯз давом дорад, аз ҷумла марги ду мусофири калонсол аз киштии дар карантин буда.

Комиссияи миллии нигоҳдории тандурустии Чин рӯзи 20-уми феврал хабар дод, ки 628 ҳолати нав дар вилояти Ҳубей, маркази беморӣ ва 45 ҳолат дар кишварҳои дигар ба қайд гирифта шуд. Ин рақамҳо шумораи камтарин ҳолати навро дар давоми як моҳ, аз ҷумла дар вилояти Ҳубей ва сеюмин рӯзи камшавии бемориро нишон медиҳанд.

Чин гуфтааст, ки шумораи фавтидагон ба 2,118 нафар расида ва боз 114 нафари дигар ҷон додаанд. Зиёда аз 74,000 нафар дар Чин ва садҳо нафари дигар тақрибан дар 30 давлат ба ин вирус олуда шудаанд. Эрон аз марги ду нафар гузориш дод, ки нахустин фавтидагон дар Шарқи Наздик мебошанд.

Дар Ҷопон ду нафаре, ки дар киштии Diamond Princess буданд - мард ва зане дар синни 80-солагӣ фавтиданд. Сафорати Русия дар Ҷопон рӯзи 20 феврал гуфт, ки ду шаҳрванди дигари Русия ки дар киштӣ дар наздикии Токио ҳастанд, ба коронавирус олуда шудаанд ва шумораи умумии русҳои гирифтор шуда ба вирус ба се нафар расидаааст.

Ричард Бреннан, роҳбари созмони минтақавӣ дар Созмони ҷаҳонии тандурустӣ гуфт, ки Чин "дар як муддати кӯтоҳ пешрафти бузург" ба даст овардааст, аммо вай гуфт, ки бӯҳрон ҳанӯз ба охир нарасидааст". Равандҳо хеле дилгармкунандаанд, аммо мо ҳанӯз дар як нуқтаи гардиш нестем",- гуфт Бреннан дар нишасти хабарии Қоҳира.

Муфаттишони олмонӣ: куштори ҷамъӣ "ангезаҳои нажодпарастона" дошт

Маҳалли куштори шаби 19 ба 20 феврал

Садри аъзами Олмон Ангела Меркел гуфт, далелҳо ба он ишора мекунад, ки омили ташкили куштори ҷамъии шабонгоҳӣ як шахси “заҳролудшуда” бо афкори нажодпарастона будааст. Зимни суханронӣ дар Берлин рӯзи 20 феврал, ки чанд соат баъди тирпаронӣ дар шаҳраки Ҳанауи Олмон сурат гирифт, Меркел гуфт, ки ҳукумат бо тамоми нирӯ бар зидди онҳое мубориза мебарад, ки дар фикри ҷудоиандозӣ дар Олмон мебошанд.

Ӯ гуфт:

“Ҳукумати Олмон ва ҳама дигар сохторҳои давлатӣ аз ҳуқуқ ва шарафи ҳар як инсон дар ин кишвар ҳимоят мекунад. Мо инсонҳоро бар асоси миллат ё дин ҷудо намекунем. Мо бар зидди онҳое, ки дар талоши ҷудоиандозӣ дар Олмон ҳастанд, бо қотеияти тамом мубориза мебарем”

Изҳороти Меркел баъди он садо дод, ки муфаттишон гуфтанд, куштори дасти кам 10 нафар дар ду ҳодисаи шаби гузашта ҳамчун “ҳамлаи террористӣ”-и дорои хусусиятҳои “бегонаситезӣ” таҳқиқ мешавад. Полис гуфт, ки нафари гумонбар дар тирандозӣ дар як чилимхона ва ҳам қаҳваҳонаро дар хонааш мурда пайдо карданд.

Оҷонсии Ассошиэйтед Пресс дар нақли қавл аз мақомоти амниятии Олмон гуфт, ки ҳамлагар ҷонибдори ақидаҳои “ростгароҳои ашадӣ” буд.

Дар ҳамин ҳол сухангӯи президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон рӯзи 20 феврал дар Истамбул гуфт, ки дар миёни кушташудаҳо шаҳрвандони Туркия ҳам буданд. Сухангӯ Иброҳим Калин гуфт, ки Анкара интизори ин аст, ки Олмон барои ошкор кардани ин ҷиноят ҳадди аксар талош хоҳад кард. Матбуоти маҳаллӣ гуфт, ки шаби 19 феврал дасти кам як нафар ба сӯи муштариёни як чилимхона ва ҳам қаҳвахонаи Ҳанау оташ кушод.

Полис дар изҳороти рӯзи 20 февралаш гуфт, ки ин ҳодиса соатҳои 10 шаб рух дод ва дар миёни нафарони кушташуда инчунин чандин тан захмӣ шуданд.

Нашрияи Bild навишт, ки ҳамлагар ба сӯи муштариёни яке аз ин муассисаҳо ба таври бетафовут тирандозӣ карда баъдан ба сӯи раҳгузарони атроф ҳам оташ кушод.

Полис гуфт, ки баъди ин ҳамлагар савори мошин аз ҷои ҳодиса фирор аст, вале соатҳои субҳи 20 феврал дар хонааш ҷасади ӯ ошкор шуд. Дар ин суроға, ба гуфтаи полис, як ҷасади дигар ҳам пайдо шуд.


Марди узбекистонӣ ҳангоми наҷоти духтараш аз худсӯзӣ, ҷароҳат бардошт

Олим Мустафоев, як сокини вилояти Қашқадарёи Узбекистон.

Муқаддас Мустафоева, як сокини маҳаллии вилояти Қашқадарёи Узбекистон ба сару рӯяш бензин пошида, назди бинои додситонии худсӯзӣ кард. Олим Мустафоев, падари 66-солаи вай ҳангоми талоши наҷот додани духтараш ҷароҳат бардошт.

Зан маҷруҳ нашуд, зеро оташро сари вақт хомӯш карданд. Мустафоева гуфт, баъди он ки додситонии ноҳия ва вилоят шикояти ӯро дар робита ба тахриби манзилаш баррасӣ накарданд, даст ба худсӯзӣ зад.

Субҳи 19-уми феврал Муқаддас Мустафоев ҳамроҳ бо падараш барои супурдани ариза ба додситонии вилоятӣ рафт. Аммо посбонон нагузоштанд, ки духтару падар вориди бино шаванд.

"Манзили духтари ман тибқи нақша бояд тахриб шавад. Мо як сол аст, ки зидди тахриб мубориза дорем. Касе намехоҳад моро гӯш кунад. Акнун мақомот мехоҳанд, тавассути додгоҳ хонаро тахриб кунанд. Аз ҳамин хотир духтарам худро назди додситонӣ оташ зад. Ман талош кардам, ки оташи ӯро хомӯш кунам, вале дастонам сӯхтанд. Бензин дар сару тани ман рехт ва дигар узвҳоям ҳам сӯхтанд",-гуфт Олим Мустафоев.

Помпео бо раҳбарони Саудӣ вохӯрд ва дар бораи Эрон гуфт

Майк Помпео ва Шоҳ Салмон

Майк Помпео, вазири корҳои хориҷии Амрико, рӯзи 20-уми феврал бо роҳбарони Арабистони Саудӣ вохӯрда, дар бораи Эрон, рақиби сахти Иёлоти Муттаҳида ва Арабистони Саудӣ гуфтугӯ кард.

Намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Помпео рӯзи 19-уми феврал ба Риёз рафтааст. Ӯ бо шоҳ Салмон, валиаҳд Муҳаммад бин Салмон ва вазири корҳои хориҷӣ Файсал бин Фарҳон гуфтугӯ кард.

"Мо вақти бештарро барои баррасии масъалаҳои амниятии бо таҳдид, ба вижа Ҷумҳурии Исломии Эрон сарф хоҳем кард", -- гуфт Помпео ҳангоми сафар ба пойтахти Эфиопия пеш аз рафтан ба Арабистони Саудӣ.

Пас аз он ки президенти Иёлоти Муттаҳида Доналд Трамп аз созиши ҳастаии соли 2015 берун шуд ва таҳримҳои молиявиро ба зидди Эрон ҷорӣ кард, Вашингтон ва Теҳрон наздик ба ҷанг буданд. Риёз ҳампаймони тавонои Вашингтон дар баҳсҳо бо Эрон буд.

Арабистони Саудӣ барои нуфуз дар Ховари Миёна бо Эрон рақобат мекунад.

Сафари Помпео ба Риёз як рӯз пас аз он рӯй медиҳад, ки низомиёни Амрико гуфтанд, Эрон ҳамчун бахше аз мубориза ба зидди давлати зери пуштибонии Саудӣ дар Яман, ҳамоно ба шуришёни ҳусии Яман силоҳҳои пешрафта мефиристад.

Помпео ба рӯзноманигорони ҳамроҳаш гуфт, вай инчунин масъалаҳои иқтисодӣ ва ҳуқуқи инсонро ба миён хоҳад гузошт, ба монанди як духтури саудӣ-амрикоӣ, ки пас аз наздик ба ду соли ҳабс дар мурофиаи судӣ мемонад.

Чин 3 рӯзноманигори амрикоиро барои як матлаб дар бораи вирус ихроҷ мекунад

Вилояти Ҳенан, Чин. 18 декабр, 2020.

Баъди нашри мақолаи "Чин - бемори воқеӣ дар Осиё" дар нашрияи амрикоии The Wall Street Journal мақомоти Чин иҷозатномаи фаъолияти се хабарнигори нашрияи мазкурро бекор кард. Хабарнигорон вазифадор шудаанд, ки давоми панҷ рӯзи оянда Чинро тарк кунанд.

Мақолаи мазкур 3 феврал нашр шуд. Дар мақола навишта шудааст, ки мақомоти Чин вазъи воқеии гирифторӣ ба вирусро пинҳон мекунанд. Хабарнигорон муаллифи маводи мазкур нестанд, балки онро профессор Волтер Рассел Мид навиштааст.

Вазорати корҳои хориҷии Чин гуфт, мақолаи мазкур талошҳои ин кишварро барои муқобила бо паҳншавии вирус ночиз нишон додааст. Вазорати хориҷии Чин сарлавҳаи мақоларо нажодбадбинона ва туҳматомез унвон кард. Пекин аз нашрияи The Wall Street Journal талаб кард, ки гунаҳкоронро муҷозот диҳад ва узрхоҳӣ намояд. Аммо нашрия ин талабро иҷро накард.

Рӯзноманигорон мегӯянд, ихроҷи се тан ба якборагӣ барои як мавод бесобиқа аст.

Аз иҷозаи кор маҳрум шудани хабарнигорони The Wall Street Journal дар Чин баъди он рух медиҳад, ки ИМА якбора панҷ нашрияи чинӣ - хабаргузории Синхуа, телевизиони CCTN, "Радиои байналхалқии Чин", расонаҳои China Daily Distribution Corporation ва Hai Tian Development USA-ро "агенти хориҷӣ" унвон кард. Вашингтон гуфт, "агенти хориҷӣ" эълом шудани расонаҳо ба фаъолияти онҳо таъсир нахоҳад расонд. Пекин изҳор дошта буд, ки чораҳои ҷавобӣ хоҳад андешид.

Ҳалокати 9 нафар дар ду ҳамла дар Олмон

Шаҳри Ҳанау, Олмон. Шаби 19 феврал, 2020.

Мақомоти интизомии Олмон мегӯянд, нӯҳ нафар дар ҷараёни ду тирандозӣ дар қалёнхонаҳое дар шаҳри Ҳанау дар ғарби ин кишвар кушта ва ҳадди ақал 5 тани дигар захмӣ шудаанд.

Хабаргузориҳои Олмон ба нақл аз пулиси он кишвар мегӯяд, ҳанӯз маълумот ва ҷузъиёти дақиқ ва сабабҳои тирандозиҳо дар даст нест. Шаҳри Ҳанау дар 25-километрии шаҳри Франкфурт ҷойгир аст.

Бинобар гузоришҳо, гумонбарон дар ҳамлаҳо ба ин ду қалёнхона аз маҳал гурехта ва нерӯҳои пулис ба ҷустуҷӯи онҳо рафтанд. Аммо хабаргузории "Ассошиэйтед пресс" баъдан хабар дода, ки ҷасади яке аз ҳамлавар субҳи панҷшанбе дар манзилаш пайдо шуд.

Ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ ва пулис, ҳамлаи нахуст дар "Midnight бар" дар соати 10-и шаб рух дод. Касоне, ки дар атрофи маҳали ҳодиса буданд, садои тирпарониро шунидаанд.

Ҳамлавар ё ҳамлаварон сипас ба мошин савор шуда ва аз маҳал гурехтаанд. Ҳамлаи дувум дар наздикии "Arena Bar" рух додааст.

Бинобар гузоришҳо ,дар наздикии "Midnight bar" се нафар ва дар наздикии "Arena Bar" панҷ кас кушта шуданд.

Хабаргузории "Франс-пресс" ба нақл аз яке аз хабарнигорони худ дар маҳал мегӯяд, пас аз ҳодиса нерӯҳои пулис бо силоҳҳо дар шаҳр ҷобаҷо шудаанд.

Дар миёни қурбониёни "Arena Bar" як зан низ будааст,-хабар медиҳад пойгоҳи хабарии "Билд". "Қурбониён касоне буданд, ки аз солҳо ба ин тараф онҳоро мешинохтем",-гуфтааст писари мудири ин каҳвахона ба хабаргузории Олмон. "Ду коргари каҳвахона ҳам дар миёни қурбониён ҳастанд",- гуфт як мард, ки дар замони тирандозӣ дар маҳал ҳузур надошт.

Пулис гуфт, ки яке аз захмиёни ин ҳамла баъдан ҷон бохт. Қаблан гузориш шуда буд, ки панҷ тан ҷароҳатҳои вазнин бардоштаанд.

Олмон тайи солҳои ахир саҳнаи бархе ҳамлаҳои хунин будааст. Аз ҷумла, дар ҷараёни ҳуҷуми як мошини борбар ба мардум дар як бозорчаи солинавӣ дар Берлин дар чаҳор соли пеш, 12 нафар кушта ва даҳҳо тани дигар захмӣ шуданд. Як паноҳандаи 23-солаи покистонӣ бар ин робита боздошт шуд.

Барканории Афзалшоҳ Шодиев аз раҳбарии Филармонияи давлатӣ

Афзалшоҳ Шодиев, ҳунарманди шинохтаи тоҷик.

Афзалшоҳ Шодиев, ҳунарманди шинохтаи тоҷик аз мақоми роҳбари Филармонияи давлатӣ барканор шудааст. Ин овозхон мегӯяд, хурсанд аст, ки давоми панҷ сол дар ин мақом кор кард. Фармони барканории Афзалшоҳ Шодиев субҳи 20-уми феврал аз сӯи Зулфия Давлатзода, вазири нави фарҳанг содир шуд.

Шодиев давоми панҷ сол Филармонияи давлатии Тоҷикистонро роҳбарӣ мекард. Ба ҷойи ин овозхони шинохта, Кароматулло Раҳимзода роҳбари Филармонияи давлатӣ таъйин шудааст. Раҳимзода то ин вақт директори мактаби мусиқии Миратулло Атоев буд.

Як мақом дар Шуъбаи кадри Вазорати фарҳанг дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, сабаби барканории Афзалшоҳ Шодиев "ҷойивазкунии кадрҳои роҳбарикунанда" мебошад.

Афзалшоҳ Шодиев рӯзи 20-уми феврал дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, "бо сари баланд кор кардам, обод кардам, мардум аз ман розӣ, кормандон розӣ, роҳбарияти ҷумҳурӣ розӣ, фахр мекунам, ки панҷ сол инҷоро обод кардам".

Афзалшоҳ Шодиев моҳи августи соли 2014 раиси Филармонияи давлатӣ эълон шуд. Саидбухорӣ Маҷидов, раҳбари пешини ин идора баъд аз эълони барканорияш бар асари сактаи қалбӣ даргузашт.

Барканории Афзалшоҳ Шодиев дар ҳолест, ки соли 2018 Ҳукумати Тоҷикистон бо ирсоли як нома аз Вазорати фарҳанг хоста буд, дар Филармонияи давлатӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварда, нафари огоҳ аз сиёсатро ба роҳбарии он таъйин кунад.

Аммо ҳоло масъулини Вазорати фарҳанг мегӯянд, барканории Афзалшоҳ Шодиев ба ин нома дахл надорад ва танҳо "ҷойивазкунии кадрҳои роҳбарикунанда мебошад".

Филармонияи давлатии Тоҷикистон яке аз маконҳои аслии баргузории консертҳо дар шаҳри Душанбе аст.

Дар Қазоқистон баъди ҳаводиси Кордай наздики 90 парвандаи ҷиноӣ боз шуд

Муовини аввали вазири умури дохилии Қазоқистон мегӯяд, баъди беназмиҳо дар ноҳияи Кордайи вилояти Ҷамбил наздики 90 парвандаи ҷиноӣ боз шуд. Чанд парвандаи ҷиноии дигар дар робита ба итоат накардан ба корманди милиса, латукӯби солхӯрдаҳо ва дигар қонуншиканӣ боз шудааст.

"Ҳамарӯза шумораи парвандаҳо афзоиш меёбад, зеро ҳолатҳои нав ошкор мешавад",-гуфт Кожаев. Вай афзуд, "садҳо одам" бозпурсӣ шудааст ва шумори умумии боздоштшудаҳо дертар хабар дода мешавад.

Мақомоти Қазоқистон пештар аз ин хабар дода буданд, ки дар робита ба ҳаводиси рӯзҳои 7-8 феврал дар ноҳияи Кордай 25 парвандаи ҷиноӣ боз карданд. Ҳаводиси 7 феврали деҳаҳои ноҳияи Кордай мақомоти ин кишварро водор ба эъломи ҳолати фавқулодда дар ин ноҳия кард.

Мақомот мегӯянд, ҳаводисе, ки ба эҳтимоли зиёд дар пайи "низои маишӣ" сар зад, рӯзи ҷумъаи 7 феврал шуруъ шуд ва дар деҳаҳои ноҳияи Кордай паҳн гардид. Бино бар нақли сокинон, он шаб садҳо марди ғайри маҳаллӣ ба деҳоте, ки аксари сокинонаш дунгантаборон ҳастанд, омада, ба латту кӯби бошандагон ва оташ додани хонаҳову мағозаҳо ва мошинҳо шуруъ карданд.

Дар натиҷаи ин занозанӣ 11 кас кушта ва садҳо нафар бо шумули 17 корманди пулис захмӣ шуданд.

Президенти пешини Кореяи Ҷанубӣ 17 сол аз озодӣ маҳрум шуд

Президенти пешини Кореяи Ҷанубӣ Лӣ Мён Бак ба додгоҳ ҳозир мешавад. 19 феврал, 2020.

Додгоҳи баррасии шикоятҳои Сеул президенти пешини Кореяи Ҷанубӣ Лӣ Мён Бакро бо ҷурми фасодкорӣ 17 сол зиндонӣ кард. Сиёсатмадори 78-солаи кориягӣ дар гирифтани ришва ва дуздии пулҳои буҷа айбдор дониста шуд.

Вай пештар дар доираи ин парванда 15 сол зиндонӣ шуда буд, вале ба иллати вазъи бади сиҳатӣ бар ивази гаравпулӣ озод гашт.

Лӣ Куриёи Ҷанубиро солҳои 2008 - 2013 раҳбарӣ карда, севумин президенти ин кишвар аст, ки ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида мешавад. Додгоҳ гуфт, Лӣ ҳангоми президентияш амалан соҳиби ширкатҳое буда, ки ба номи бародараш сабт шуда, қисмҳои эҳтиётии мошин истеҳсол мекардаанд. Ӯ дар рушди тиҷорати худ аз мақомаш низ истифода кардааст.

Айбдоркунандаи давлатӣ барои Лӣ 23 соли зиндон талаб карда буд. Сиёсатмадор айбҳои эъломшударо рад мекунад. Ҳоло ӯ аз озодӣ бар ивази гаравпулӣ дубора ба зиндон интиқол дода шуд. Ҳамтои пешини ӯ Но Му Хён баъди як соли истеъфо додан ва айбдор шуданаш ба фасодкорӣ худкушӣ кард. Президенти пешини Кореяи Ҷанубӣ баъд аз Лӣ - Пак Кин Хе низ бо ҷурми фасод дар зиндон аст.

Вазъи сиҳатии Отамбоев дар боздоштгоҳ бад шудааст

Алмосбек Отамбоев, президенти пешини Қирғизистон.

Замир Жоошев, вакили дифои президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев мегӯяд, вазъи сиҳатии шахси зери ҳимояи ӯ дар боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи амнияти миллии ин кишвар бад шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, Отамбоев дар вохӯрии 18 феврал аз поин рафтани фишораш шикоят кардааст. "Ӯ шикоят кард, ки фишораш то 76/60 поин рафтааст. Ин нишондод ҳафтаи гузашта 90/60 буд. Табибон ҳар рӯз фишори ӯро санҷида, ба мо хабар медоданд. Вале вақтҳои ахир аз мо пинҳон медоранд",-изҳор дошт Жоошев.

Вакили дифои Отамбоев гуфт, табибони мустақил гуфтаанд, ин гуна поинравии фишор сактаи мағзӣ, қалбӣ ё оқибатҳои ғайричашмдошти дигареро дар пай хоҳад дошт.

Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон то ҳол ин қазияро шарҳ надодааст.

7-8 август дар деҳаи Кой-Тоши ноҳияи Аламудини Қирғизистон "амалиёти иҷборан ба бозпурсӣ овардани Алмосбек Отамбоев" сурат гирифт. Бо қарори додгоҳ, вай ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст.

Додситонии кулли Қирғизистон Отамбоевро дар чандин ҷинояти сангин, аз ҷумла дар робита ба ҳаводиси Кой-Тош, ғайриқонунӣ озод кардани соҳибнуфузи ҷиноӣ Азиз Батукаев, фасодкорӣ ва ғайра айбдор кард. Ба гуфтаи Слесарев, дар маҷмуъ нисбати Отамбоев 14 айб эълом шудааст.

Трамп гуфт, бунёдгузори WikiLeaks-ро бо чӣ шарт афв хоҳад кард

Бунёдгузори WikiLeaks Ҷулиан Ассанж. 19 декабр, 2020.

Президенти ИМА Доналд Трамп пешниҳод кардааст, ки агар бунёдгузори WikiLeaks Ҷулиан Ассанж гӯяд, Русия дар ҳамла ба компютерҳои Ҳизби демократи Амрико дар давраи интихоботи президентии соли 2016 даст надорад, ӯро афв хоҳад кард. Дар ин бора расонаҳои Бритониё бо истинод ба вакили дифои Ассанж дар додгоҳи Лондон хабар доданд.

Пештар дар тафтишоти ба раҳбарии додситони махсуси ИМА Роберт Мюллер гуфта шуд, ки дар ҳамла ба компютерҳои Ҳизби демократ ҳакерҳои рус даст доранд. Онҳо гӯё мехостанд, эътибори рақиби демократи Трамп - Ҳилларӣ Клинтонро поин баранд ва пирӯзии Доналд Трампро таъмин созанд. Москва ин иддаоро рад мекунад.

Расонаҳо изҳороти Трампро пеш аз баррасӣ шудани масъалаи истирдоди Ассанж аз Бритониё ба ИМА дар додгоҳ нашр карданд. Вакилони дифоъ исрор доранд, ки Ассанж набояд ба Амрико истирдод шавад, зеро парвандаи ӯ ангезаи сиёсӣ дорад. Амрикоиҳо ӯро ба дарёфт ва нашри ғайриқонунии садҳо ҳазор санади махфӣ айбдор мекунанд ва ба вай то 175 соли зиндон таҳдид мекунад.

Ҳимоятгарони Ассанж гуфтанд, Трамп пешниҳоди худро ба воситаи конгрессмени пешини ҷумҳурихоҳ Дана Рорабахер ба ӯ расондааст. Интизор меравад, Рорабахер рӯзҳои наздик бо бундёгузори WikiLeaks дар зиндони Лондон вохӯрад.

Ассанж аз августи соли 2012 аз тарси ин ки боздошт ва ба Шветсия истирдод мешавад, дар дохили сафорати Эквадор зиндагӣ мекард. Мақомоти Эквадор моҳи апрели соли гузашта ҳаққи паноҳандагии Ассанжро бекор карда, вайро ба мақомоти Бритониё супурданд. Ҳоло ӯро барои нақзи қоидаҳои раҳоӣ бар ивази гаравпулӣ 50 ҳафта ба ҳабс гирифтанд. Ҳамчунин масъалаи истирдодаш ба ИМА баррасӣ мешавад. Шветсия низ қасд дорад истирдоди Ассанжро талаб кунад.

Моҳвораи Туркманистон бозпахши телевизионҳои Узбекистонро қатъ кард

Акс аз бойгонӣ.

Моҳвораи туркмании TurkmenÄlem 52E / MonacoSat сар аз рӯзи 10 феврал бозпахши даҳҳо шабакаи телевизионии Узбекистонро қатъ кард. Дар ин бора расонаҳои маҳаллии Туркманистон хабар медиҳанд.

Миёни шабакаҳо телевизионҳое амсоли "Узбекистон" ва "Узбекистон 24", "Ёшлар", "Кинотеатр", "Тошканд", "Болажон" "Спорт" ва ғайра ҳастанд.

Мақомоти Туркманистон сабабҳои чунин тасмимро шарҳ намедиҳанд, аммо ба навиштаи расонаҳо, қатъшавии пахши мавҷи шабакаҳои Узбекистон ба намоиши филми дар Туркманистон мамнуъи "Шабаҳи шаш" рабт дорад, ки аз сӯи шабакаи телевизионии Sevimli TV -и Узбекистон нишон дода шуда буд.

Филми мазкур ба далели шабеҳ будани сюжааш ба воқеиятҳои Туркманистон дар ин кишвар мамнуъ эълом гардид.

Баъди таҳия ва намоиши филми амрикоии "Шабаҳи шаш" мақомоти Туркманистон ба тарғиби зидди Амрикову Аврупо шуруъ карданд.

Туркмен Алем 52Е / MonacoSat - нахустин маҳвораи туркманӣ аст, ки аз сӯи ширкати фаронсавии Thales Alenia Space сохта шудааст. Ин маҳвора як қисми Осиёи Марказӣ ва Аврупоро фаро мегирад. Маҳвораи мазкур соли 2015 ба фазо бароварда шуд.

Филми "Шабаҳи шаш" дар моҳи декабри соли 2019 ба намоиш даромад. Қаҳрамони филм - сарватманди амрикоӣ зидди диктатори кишваре бо номи Туркистон мубориза мебарад.

Расонаҳо: Эрон ду ҳолати гирифторӣ ба коронавирусро тасдиқ кард

Аз акс "Ассошиайтед Пресс"

Хабаргузории нимарасмии ИСНО рӯзи 19-уми феврал гузориш дод, ки мақомоти Эрон ду ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус (COVID-19)-ро тасдиқ карданд.

ИСНО аз қавли мансабдори Вазорати тандурустии Эрон Киёнуш Ҷаҳонпур овардааст, дар давоми ду рӯзи охир "баъзе ҳолатҳои эҳтимолии нави коронавирус пайдо шуданд".

Ҷаҳонпур гуфта, ки ин ду ҳолати тасдиқшуда дар вилояти марказии Қум ошкор шудааст. Вай гуфт: "Санҷишҳои баъдӣ идома доранд ва пас аз ниҳоӣ шудан ба мардум пешниҳод карда мешаванд. Гурӯҳҳои тиббӣ дар Қум ҷойгир шуданд ва шахсони гумонбаршуда дар карантин мебошанд."

Эрон барои назорати паҳншавии эҳтимолии вирус дар фурудгоҳҳои худ чораҳои бехатариро ба роҳ мондааст.

Вируси нав дар Чин моҳи декабри соли 2019 пайдо шуд. Аз он вақт то ба ҳол дар саросари ҷаҳон тақрибан 75 000 одам гирифтори вируси нав шуданд.

7 миллион евро: Тоҷикистону GIZ созишномаи содда кардани расмиёти савдоро имзо карданд

Завқӣ Завқизода ва Сабина Олтхоф. Акс аз https://medt.tj/

Рӯзи 19-уми феврал GIZ ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон созишномаеро доир ба соддагардонии расмиёти савдо имзо карданд. Созишномаро Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдо ва Сабина Олтхоф, мудири GIZ имзо карданд.

Дафтари матбуоти вазорати рушди иқтисод ва савдо мегӯяд, созишнома бо мақсади соддагардонии расмиёти савдо ва транзит, такмили низоми мудирияти савдо дар марз, ҷалби бахши хусусӣ дар раванди қабул намудани қарорҳо вобаста ба соддагардонии расмиёти савдо ва дигар масоил равона гардидааст.

Маблағи умумии созишнома 7 миллион евро муайян шудааст ва 4 кишвари Осиёи Миёна - Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистонро фаро мегирад. Мӯҳлати иҷрои созишнома аз замони имзо шуданаш то соли 2023-ро дар бар мегирад.

Созмони GIZ аз соли 1995 дар Тоҷикистон ҳузур дорад. Ҳадафи фаъолияти худро дар Тоҷикистон созмон кумак ба рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ин кишвар мегӯяд. Айни замон ин созмон дар Душанбе ва ду шаҳри дигари Тоҷикистон идораҳои худро дорад. Моҳи июни порсол ин созмон гуфт, ки дар ин сохтор дар Тоҷикистон 77 корманди маҳаллӣ, 12 корманди байналмилалӣ ва 6 мушовир фаъолият мекунад.

Муроҷиати ҳомии ҳуқуқ Азимҷон Аскаров ба мақомот аз дохили зиндон

Фаъоли ҳуқуқи башар Азимҷон Аскаров, ки ба зиндони абад маҳкум шудааст, ба унвонии раҳбарияти Қирғизистон, сохторҳои ҳифзи қонун ва Додгоҳи олӣ муроҷиат кард. Бахши Қирғизии Радиои Озодӣ рӯзи 19 феврал навишт, ки дар ин номааш Аскаров мегӯяд, ҷомеаи байналмилалӣ ва ҳомиёни ҳуқуқ дар Қирғизистон парвандаи ӯро «баёнгари нотавонии мақомот» арзёбӣ мекунанд. Дар номаии бози Аскаров гуфта мешавад, «барои ҳеҷ кас пинҳон нест, ки ҷараёни таҳқиқи парвандаи ман як сохтакорӣ буд ва ба манфиати кормандони милисаи ноҳиявӣ таҳия шуд». Маълум нест, ки муроҷиати Аскаров кай навишта ва ба мақомот ирсол шудааст.

Аскаров дар ин муроҷиаташ гуфтааст, ки далели гунаҳгор будани ӯ «несту набуд». Инчунин ӯ ба нақзи қонун дар ҷараёни боздошт ва таҳқиқи парвандааш ишора карда гуфтааст, ки шиканҷа шудааст. Ӯ гуфтааст, ки ба ҷараёни таҳқиқи парвандааш раҳбарияти собиқи ин кишвар дахолат мекард. Дар қисми ниҳоии муроҷиати Аскаров, ки аз 10 саҳифа иборат мебошад, таъкид шудааст: «Мехоҳам бигӯям, ки мардуми Қирғизистон бояд донад, ки виҷдони ман дар пеши Худову мардум ва қонун пок аст».

Азимҷон Аскаров дар ноҳияи Бозоркоргони вилояти Ҷалолободи Қирғизистон зиндагӣ ва ба ҳайси як фаъоли ҳуқуқ кор мекард. Баъди ҳодисаҳои моҳи июни соли 2010 ӯро дар ташкили беназмиҳо ва ширкат дар куштори як ходими милиса айбдор карданд. Бар асоси қарори ҳама зинаҳои додгоҳӣ ӯ ба ҳабси абад маҳкум шуд.

30 июли соли 2019 парвандаи ӯ бар асоси тағйирот ба Кодекси ҷиноӣ бозбинӣ шуд, вале додгоҳи вилояти Чуй озод кардани ҳомии ҳуқуқро рад кард. Он замон созмони Amnesty International гуфт, ки “мақомоти Қирғизистон бори дигар нисбат ба ҳуқуқи бунёдии инсон хунукназарӣ зоҳир карданд”.

Қарор аст 25 феврал Додгоҳи олии Қирғизистон бар асоси далелҳои тоза ошкоршуда дар қазияи Аскаров бозбинии парвандаи ӯро шурӯъ кунад.

Узбекистон 13 шаҳрванди боздоштшудаи Қирғизистонро озод кард

Марзбони Қирғизистон дар ҳудуди вилояти Ботканд. Акс аз бойгонӣ

Дар натиҷаи музокироти намояндагони марзбонии Узбекистону Қирғизистон, ҷониби Узбекистон 13 шаҳрванди рӯзи 19 феврал дар марз боздоштшудаи Қирғизистонро озод карда ба ватанашон баргардонид. Дар ин бора Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон изҳорот дод. Марзбонҳои Узбекистон шаҳрвандони кишвари ҳамсояро барои убури ғайриқонунии марз дар маҳаллаи Чекелики ноҳияи Қадамҷои вилояти Ботканд боздошт карданд. Марзбонии Қирғизистон гуфт, ки ин нафарон марзро тасодуфан дар маконе убур карданд, ки дар он хатти ҷудокунандаи марз вуҷуд надошт. Бахши Қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, ки боздоштшудаҳо ба Қадамҷой аз вилояти Талас барои ширкат дар мавъизахонӣ рафта буданд.

Блогери узбекро барои танқиди фурӯши арақ дар назди масҷид латукӯб карданд

Акси Отабек Нуриддинов аз саҳифаи ӯ гирифта шудааст

Дар Узбекистон соҳибони як фурӯшгоҳи нӯшокиҳои спиртии ноҳияи Асакаи вилояти Андиҷон 18 феврал блогер Отабек Нуриддиновро шадидан латту кӯб кардаанд.

Блогери узбек дар Фейсбук навишт, ки ӯро ба хотири як навиштааш дар бораи фурӯши машрубот дар назди масҷиди ба номи Холид ал-Валиди ноҳияи Асака латукӯб ва лабу даҳонашро хуншор кардаанд. Санҷиши ҳодиса оғоз шудааст.

Модари блогер Матлуба Қурбонова гуфт, писараш 18 феврал ба ташхиси судӣ-тиббӣ муроҷиат кард ва табибон сатҳи зарари ҷисмонии вайро "вазнин" арзёбӣ кардаанд.

"Зане, ки дар наздикии яке аз масҷидҳои Асака фурӯшгоҳи машрубот дорад, ҳамроҳи ду писараш ба хонаи мо омад. Онҳо дар аввал аз писарам хостанд, ки ба хубӣ навиштаашро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пок кунад. Писарам дар посух гуфт, агар онҳо қонунӣ фаъолият дошта бошанд, навиштааро пок мекунад. Вале дар ҳамин вақт ду писари зан ногаҳон ба Отабек ҳамла карданд", - изҳор дошт Қурбонова.

Як корманди Шуъбаи пулиси Асака бо тасдиқи ин хабар ва ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, "нисбат ба ҳамаи гунаҳкорон чораандешӣ хоҳад шуд".

Блогер Нуриддинов 30 декабри соли гузашта бо ҷурми туҳмат, таҳқир ва майдаавбошӣ ҷарима ва 15 шабонарӯз ҳабс шуда буд. Зидди вай раиси ноҳияи Асака, мудири мактаби ноҳия ва сардори Идораи маорифи вилояти Андиҷон шикоят карда буданд. Нуриддинов дар бораи фасодкорӣ дар шуъбаи маорифи Асака ва идораи маорифи Андиҷон матлаберо нашр карда буд.

Дар Амрико як мексикоӣ бо гумони кор барои як мақомдори рус боздошт шуд

Як шаҳрванди Мексика дар Амрико бо гумони кор барои як узви ҳукумати Русия дар амри пайгирии мошини як “манбаи ҳукумати амрикоӣ” дар минтақаи Майамии аёлати Флорида ва иттилоърасонӣ дар бораи макони будубоши ӯ дастгир шуд. Дар изҳороти вазорати адлияи Амрико рӯзи 18 феврал дар бораи боздошти Ҳектор Алеҳандро Кабрера Фуентес хабар дода шуд, вале дар изҳорот ин чиз шарҳ дода нашудааст, ки чаро як узви ҳукумати Русия мехост дар бораи макони будубоши мошини як манбаъ, аз ҷумла рақами мошини ӯ хабар дошта бошад. Дар изҳорот манбаи ҳукумати Амрико фош намешавад. Бовар меравад, ки Фуентес соли 2019 барои ҳамкорӣ ҷалб шуда, ду дафъа ба Маскав, аз ҷумла бори охир барои мулоқот бо як мақом аз вазорати адлия парвоз карда буд. Шаҳрванди Мексика супориш дода шуд, ки бо номи каси дигар як мошинро дар Майами иҷора гирад ва қарор буд моҳҳои апрел ё май мақоми русро дар бораи макони сафару ҳаракати мошин бохабар кунад. Ӯву ҳамсараш рӯзи 14 феврал ҳангоме мавриди шубҳа қарор гирифтанд, ки мехостанд ба макони иҷораи мошин ворид шуда наздик ба мошини дигар ҳаракат мекарданд. Яке аз онҳо баъдан акси мошини манбаъро гирифту Хадамоти марзбонии Амрико баъдан далели инро дар телефони марди гумонбаршуда ҳам пайдо кард.

Нигаронии САҲА аз афзоиши низоъҳо дар шарқи Украина

Владимир Зеленский моҳи маи соли 2019 ба унвони президенти Украина ба фаъолият шурӯъ кард

Ду мақоми баландпояи Созмони амнияту ҳамкории Аврупо аз афзоиши низоъҳо дар шарқи Украина дар ин охирҳо изҳори нигаронӣ карданд. Эди Рама, яке аз раҳбарон ва Томас Гремингер - дабири кулли САҲА гуфтанд, ки аз дарёфти хабарҳо дар бораи талафот дар шарқи Украина афсӯс мехӯранд ва бар пояи тавофуқи моҳи декабри Париж ҳама ҷонибҳоро “ба хештандорӣ ва эҳтироми созиш” даъват карданд. Рама гуфт, “ҳодисаи ахир ягона нест”. Ба навиштаи ӯ, “бар хилофи созишҳои ду моҳ пеш дар Париж ҳосилшуда, ҳар рӯз оташбас нақз мешавад”. Украиниҳову ҷудоиталабони рӯ ба Русия рӯзи 18 феврал дар робита бо низоъҳои ахир дар шарқи Украина ҳамдигарро гунаҳгор карданд. Аз замони сари кор омадани президент Владимир Зеленский, ин пуршиддаттарин низоъҳо дар шарқи Украина арзёбӣ мешавад.

Ҳавопаймои украинӣ ба Вуҳани Чин парвоз кард

Беморхонаи Салиби Сурх дар Вуҳани Чин

Ҳукумати Украина бо таъхири сесоата ба Вуҳани Чин ҳавопаймоеро сафарбар кард, ки қарор аст украиниҳову хориҷиҳоро аз он ҷо берун оварад. Вуҳан макони аслии пайдошавии вируси марговари чанд моҳи охир ба шумор меравад. Ҳавопаймое, ки баъди соати 2 шаб фурудгоҳи Борисполро тарк кард, нахуст ба Алмаатои Қазоқистон парвоз кард ва аз он ҷо ба маркази вилояти Ҳубеи Чин меравад. Дар як рӯзи гузашта дар ин минтақа 132 нафари дигар бар асари олудагӣ ба вирус ҷон доданд. Дар маҷмӯъ, ба иттилои мақомот дар Пекин, то имрӯз бар асари вируси COVID-19 дар Чин 2004 нафар ҷон дод. Шумори нафарони олудашуда ба вирус дар саросари Чин ба 74,185 нафар мерасад ва 700 нафари дигар дар нуқоти дигари ҷаҳон бо ин вирус бистарӣ ҳастанд. Интизор меравад, ки ҳавопаймои украинӣ субҳи 20 феврал ба Киев баргардад. Вазорати беҳдошти Украина гуфт, ки қарор аст аз Вуҳан 49 шаҳрванди Украина ва 25 хориҷӣ оварда шаванд. Дар миёни онҳо шаҳрвандони Исроил, Норвегия, Черногория (Монтенегро), Аргентина, Панама, Коста-Рика, Ҷумҳурии Доминикан, Эквадор ва Испания мебошанд. Баъди оварда шуданашон ба Украина ҳамаи онҳо ба мӯҳлати 14 рӯз ба карантин фиристода мешаванд.

Ёфтҳои бештар

Суолу ҷавоб бо вазирону раисон чӣ гуна гузашт?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:59 0:00
Гузоришҳои радиоӣ
ПОДКАСТ
Суолу ҷавоб бо вазирону раисон чӣ гуна гузашт?
Гузоришҳои радиоӣ

Гузоришҳои видеоӣ

Эълони айбнома ба зидди Хӯҷа-Командир
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:38 0:00
XS
SM
MD
LG