Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯз 15-умин солгарди иҷлоси 16-уми Хуҷанд аст


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон имрӯз дар чаҳорчӯби боздиди худ аз устони Суғд, дар ҷамъомаде ба муносибати 15-умин солгарди иҷлоси 16-уми Хуҷанд дар соли 1992 ширкат меварзад. Қарор аст ин чорабинӣ дар «Қасри Арбоб» доир шавад, ҳамон кохе, ки иҷлосияи таърихиву тақдирсози соли 1992 баргузор шудааст. Ёдрас мекунем, 16-уми ноябри соли 1992 дар Хуҷанд иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Тоҷикистон ба кори худ шурӯъ карда буд. Ин иҷлос ҳусни оғози раванди баҳамаоӣ ва оштишавии ҷонибҳои даргир ва мухолиф дар ҷанги дохилии Тоҷикистон буд. Маҳз дар ин иҷлосия Эмомалӣ Раҳмонов раиси Шӯрои олии Тоҷикистон ва раҳбари давлат интихоб шуда буд ва имрӯзҳо расо 15 сол мешавад, ки ӯ дар раъси ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад.
XS
SM
MD
LG