Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҷозоти афсари рус дар Кӯлоб


Як афсари пойгоҳи низомии Русия, воқеъ дар шаҳри Кӯлоб, бо айби кӯшиши ғорати яке аз бонкҳои ин шаҳр аз сӯи додгоҳи маҳаллӣ ба мӯҳлати якуним сол аз озодӣ маҳрум карда шуд. Дар ин бора хабаргузории «Central Asian News» иттилоъ додааст.

Тибқи гузоришҳои қаблии як қатор расонаҳои Тоҷикистон, афсари рус - Александр Устинов шаби 23 сентябри соли ҷорӣ пинҳонӣ ба яке аз бонкҳои маҳаллӣ даромада, хостааст афзори компютериро берун барад, вале бо посбони бонк рӯ ба рӯ гаштааст. Афсари рус ҳини гирудор бо посбон баъзе асноди худро дар маҳалли воқеъа монда фирор кардааст, ки баъдан ҳамчун далел дар додгоҳ истифода шудаанд.

Гуфта мешавад, агарчи айбдоршаванда қаблан дар назди муфаттишон ба гуноҳи худ иқрор шудааст, вале раҳбарияти пойгоҳи низомии Русия дар аввал рабти афсари худ ба ин қазияро рад кардааст. Танҳо пас аз гуфтугуҳои тулонӣ бо раҳбарияти пойгоҳи низомӣ додситонии маҳаллӣ баррасии ин парвандаи ҷиноиро амалӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG