Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як сарбози норвежӣ дар Афғонистон кушта шуд


Дирӯз дар Афғонистон бар асари таркиши бомбаи сарироҳӣ як сарбози норвежӣ ба ҳалокат расида, як ҳамхизмати вай захмӣ гардид. Мақомоти дифои Норвегия гуфтанд, ки ин сарбозон дар роҳ ба қароргоҳи худ дар Маймана буданд, ки ҳадафи бомба қарор гирифтанд. Ин мавриди сеюми ҳалокати сарбозони норвежӣ дар хоки Афғонистон мебошад. Норвегия дар Афғонистон ҳудудан 500 сарбоз дорад, ки таҳти сарпарастии НАТО фаъолият мекунанд.

XS
SM
MD
LG