Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Окруашвилӣ раиси ҷумҳурро "Ҳитлери имрӯз" номид


Дар Тифлис гирдиҳамоии мухолифин бо тақозои истеъфои раиси ҷумҳур Михаил Саакашвилӣ ва баргузории интихоботи қабл аз вақти порлумонӣ идома дорад. Дар канори бинои порлумон чанд ҳазор ҷонибдорони мухолифин ҷамъ омадаанд. Гурӯҳи вакилони порлумони ба гирдиҳамоии мухолифин пайваста даст ба гуруснанишинӣ задаанд.

Дирӯз Ираклий Окруашвилӣ, собиқ вазири дифоъи Гурҷистон дар як сӯҳбат тавассути ширкати телевизионии “Имедӣ” бори дигар Михаил Саакашвилӣ ва атрофиёни ӯро дар фасод муттаҳам кард ва раиси ҷумҳурро “Ҳитлери имрӯз” номид. Ӯ афзуд, ки “ҳадафи ман интиқом нест ва аммо мебинам, ки дар Гурҷистон чӣ мегузарад ва дилам хун мешавад. Мо шонси бунёди Гурҷистони воқеъан нерумандро доштем ва аммо Саакашвилӣ ин шонсро дар дасти мардуми гурҷӣ гирифт”.

Ба иттилоъи хабарнигори Радиои Озодӣ аз Тифлис, Додситонии Гурҷистон гуфтааст, ки Окруашвилӣ чун пештара таҳти тафтишот қарор дорад ва агар бо талаби додситонӣ ба Гурҷистон барнагардад, ҷустуҷӯи ӯ сурат хоҳад гирифт. Собиқ вазири дифоъи Гурҷистон чанд рӯз пеш кишварро тарк гуфта буд.

XS
SM
MD
LG