Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Афғонистон чаҳор полис кушта шуданд


Дар вилояти Ғазнии Афғонистон бар асари таркиши бомбаи сарироҳӣ чаҳор ходими полис кушта ва ду нафар захмӣ шуданд.

Муҳаммад Замон, раиси хадамоти иттиллооти вилояти Ғазнӣ гуфт, ду марди маҷрӯҳшуда дар ҳолати вазнин қарор доранд.

Ахиран, вазорати умури дохила гуфт, ки нирӯҳои амниятии Афғонистон ва ҳамтоёни хориҷии онҳо 25 ҷангии толибонро дар вилояти ҷанубии Урузгон ба ҳалокат расониданд.

XS
SM
MD
LG