Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обхезиҳои фалокатбор дар Мексика


Дар кишвари амрикоии Мексика наздик ба 800 ҳазор нафар аз селу боронҳои минтақаи соҳилии Халиҷи Мексико фирор намудаанд. Президенти Мексика Фелиппе Калдерон обхезиҳои ин кишварро яке аз калонтарин фоҷеаҳои табии солҳои ахир номидааст.

Назар ба гузоришҳои расида баъди боронҳои пай дар пай оби рӯдҳо аз маҷро берун шуда, тахминан 80 дар сади минтақаи Табаскоро зери об қарор додааст. Нерӯҳои ҳавоии Мексика ба минтақаи офатзада кумак интиқол медиҳанд. Мансабдорони мексикоӣ аз сирояти бемориҳои ба василаи об гузаранда ҳушдор додаанд.

XS
SM
MD
LG