Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бҳутто аз сафари Дубай даст кашид


Нахуствазири собиқи Покистон Беназир Бҳутто гуфт, баъди он ки овозаҳоеро роҷеъ ба имкони ҷоришавии қуюди шабгардӣ аз ҷониби ҳукумати кишвар дарёфт намуд, сафари ба Дубай барномарезишудаашро бекор кард. Хонум Бҳутто баъди ҳашт соли дурӣ аз ватан, ки аз он чун "табъйиди ихтиёрӣ" ёд мекунанд, 18 октябр ба Покистон баргашт. Соатҳо баъди бозгашти ӯ ба шаҳри ҷанубии Карочӣ, қофилаи вай мавриди ҳамлаи маргталабе қарор гирифт. Дар натиҷа, 139 нафар ба ҳалокат расида, худи хонум Бҳутто ҷон ба саломат бурд. Дирӯз Бҳутто гуфт, ки мехост ба Дубай рафта, аз ҳоли фарзандону аҳли хонаводааш бохабар шавад, аммо бо шунидани овозаҳои ин ки гӯё ҳукумат дар андешаи ҷорисозии қуюди шабгарӣ мебошад, аз фикри худ гашт.
XS
SM
MD
LG