Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муъовини раиси Бонки Ҷаҳонӣ ба Душанбе меояд


Муъовини раиси Бонки Ҷаҳонӣ Аннет Диксон фардо вориди Душанбе хоҳад шуд. Тибқи гузориши намояндагии Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон, вай дар конфронси байнулмилалии Созмони Иқтисодии Минтақавии Осиёи Марказӣ (CAREC), ки дар Душанбе бо иштироки намояндагони ҳашт кишвари минтақа ва бонкҳои байнулмилалӣ баргузор мешавад, ширкат хоҳад варзид.

Бино ба ин гузориш, хонум А. Диксон дар чаҳорчуби сафари худ бо намояндагони расмии Тоҷикистон дар мавзӯъи таъсиси тендери байнумилалӣ барои сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун гуфтугу анҷом хоҳад дод

XS
SM
MD
LG