Мақомоти Афғонистон хабар доданд, ки ахиран дар инфиҷори бами канори раҳ раҳбари хадамоти миллии кашфи волусволии Қарғайи вилояти Лағмон кушта шуд. Афроди ношинос бамро дар ҳоле инфиҷор карданд, ки ӯ дар мошин ҳамроҳ бо се ҳамкораш сӯи дафтар мерафт.
Масъулияти ҳамларо касе ваё гурӯҳе бар дӯш нагирифтааст ва аммо мақомоти Афғонистон мегӯянд, ки дар ин ҳодиса нақши дасти Толибон баръало намоён аст.