Дар шаҳри Сирти Либия таҳти сарпарастии Созмони Милали Муттаҳид ва Иттиҳодияи Африқо музокирот оид ба ҳалли мусолиматомези низоъ дар минтақаи Доруфури Судон идома дорад. Дирӯз қабл аз шурӯъи гуфтушунид намояндаи Судон изҳор кард, ки ҳукумат дар бораи оташбаси якҷониба тасмим гирифтааст.
Ва аммо, ба гуфтаи коршиносон, ин иқдом гумон аст ба имзои созиши сулҳ мусоидат кунад, зеро фармондеҳони гурӯҳҳои мусаллаҳи Дорфур ин музокиротро таҳрим кардаанд.
Дар тули чаҳор соли даргириҳо дар минтақаи Дорфури Судон беш аз 200 ҳазор нафар кушта ва 2 миллион нафар бехонумон шудаанд.