Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози нишасти Иттиҳодияи Аврупо ва Русия


Дар Португалия имрӯз нишасти раҳбарони Русия ва Иттиҳодияи Аврупо оғоз шуд, ки дар он асосан ихтилофоти бадарозокашидаи бозаргонӣ ва сиёсатҳои хориҷӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Ин охирин нишасти Иттиҳодияи Аврупо ва Русия аст, ки Владимир Путин ҳамчун раиси ҷумҳур дар он ширкат мекунад, чун соли оянда мӯҳлати раёсати ҷумҳури ӯ хотима меёбад. Қарор аст, дар ин нишаст, миёни Русия ва Иттиҳодияи Аврупо дар мавриди содироти фулузот аз Русия ба Ғарб созишнома ба имзо бирасад. Аммо зоҳиран дар масоили буҳрони ҳастаии Эрон ва мақоми Косово минтақаи ҷудоихоҳи Сербистон ва бадшавии вазъи ҳуқуқи инсон дар Русия ҷонибҳо ба мувофиқат нахоҳанд расид.

XS
SM
MD
LG