Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъхири тасвиби қонуни баҳсбарангез дар сенат


Қонунгузорони Амрико дархост кардаанд, ки раъйдиҳӣ барои тарҳи қонун дар бораи куштори арманиҳо дар соли 1915 ба таъхир андохта шавад. Агар ин қонун ба тасвиб расад, куштори арманиҳо аз тарафи туркони усмонӣ наслкушӣ шинохта мешавад. Чаҳор нафар аз ташаббускорони ин тарҳи қонун дар номае аз Нэнсӣ Пелосӣ - раиси Маҷлиси Намояндагони Конгресси Амрико дархост кардаанд, ки раъйдиҳӣ барои ин пешнавис ба соли 2008 гузаронда шавад, ё то поёни соли ҷорӣ ба таъхир афтад. Баъд аз тасвиби пешнависи ин қонун дар яке аз кумитаҳои Маҷлиси Намояндагони Конгресси Амрико Туркия ба давлати Ҷорҷ Буш-раиси ҷумҳури Амрико ҳушдор дод, ки тасвиби чунин қонун муносиботи Амрикову Туркияро халалдор мекунад.

XS
SM
MD
LG