Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳдномаи нави Иттиҳодияи Аврупо


Раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо дар Лисбон-пойтахти Пуртағол дар бораи низоми раҳбарии ин иттиҳодия ба тавофуқ расиданд. Ин тавофуқ замоне ба даст омад, ки раҳбарони кишварҳои узви ин иттиҳодия дар Лисбон дархости Итолё ва Лаҳистонро дар бораи ворид овардани тағирот дар Аҳдномаи Иттиҳодияи Аврупо пазируфтанд. Ин Аҳднома ҷои Қонуни Асосии Иттиҳодияи Аврупоро мегирад, зеро онро Фаронсаву Ҳолланд эътироф накарданд. Аҳдномаи нав дар соли 2009 эътибор пайдо мекунад.

XS
SM
MD
LG