Пайвандҳои дастрасӣ

Додситони кул - алайҳи Худойбердиев ва Искандаров


Додситони кулли Тоҷикистон изҳороти пешинаи худро дар бораи Маҳмуд Худойбердиев ва Муҳаммадрӯзӣ Искандаров такрор кард.

Бобоҷон Бобохонов, додситони кулли Тоҷикистон, дар нишасти хабарӣ гуфт, сарҳанги шӯришгари тоҷик Маҳмуд Худойбердиев бо гурӯҳи мусаллаҳи худ дар қаламрави Узбакистон ба сар мебарад. Вай афзуд Худойбердиев дар рӯйдодҳои моҳи майи соли 2005-и Узбакистон даст доштааст. Ба гуфтаи додситони кулли Тоҷикистон, Худойбердиев узви Ҳизби Тоҷикистони озод мебошад, ки дар қаламрави кишвар ин ҳизб созмони террористӣ маҳсуб мешавад. Собиқ полковники нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон Маҳмуд Худойбердиев дар арафаи сулҳи кишвар дар соли 1997 ва дертар тирамоҳи соли 1998 ба канораи Душанбе ва шаҳри Хуҷанд ҳамла карда буд. То ҳанӯз афроде бо иттиҳоми узвият дар гурӯҳи ӯ дар Тоҷикистон боздошт ва ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум мешаванд.

Дар шарҳи хабарҳои матбуот дар бобати истирдоди дубораи Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, раиси зиндонии ҲДТ, аз Душанбе ба Русия, Бобохонов гуфт, ки дар ин бора бо мақомоти Русия ҳеч гуна гуфтушунид сурат нагирифтааст. Додситони кул ин хабарро, ки гӯиё намояндагони додситонии Русия бо ин ҳадаф ба Душанбе омада бошанд, такзиб кард. Ин ҳам дар ҳоле ки вакили мудофеъи Искандаров, Анна Ставитская гуфтааст, истирдоди муваккили ӯ ба Душанбе қочоқӣ буда, хилофи қонунҳои Русия ба амал омадааст ва ибтидо бояд қазияи ин рабоиш дар додгоҳи Маскав муҳокима шавад. Ба гуфтаи Ставитская, парвандаи Искандаров дар Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо интизори ҳалнома аст.

Б. Бобохонов дар нишасти хабарӣ рӯзи чоршанбе инчунин гуфт, ки феълан Искандаров дар зиндон шароити хуб дорад ва аз вазъи будубошаш шикояте накардааст. Аммо наздикони Искандаров ва пайравонаш гуфтаанд, вазъи ӯ дар зиндон хуб набуда, мулоқот бо ӯ мамнӯъ аст.

Додситони кулл ҳамчунин гуфт, Маъруф Орифов, раиси шабакаи фурӯшгоҳҳои "Орима", дар ҳоли ҳозир дар боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи амнияти миллии кишвар нигаҳдорӣ мешавад ва овозаҳо дар бораи раҳо шудани ӯ бебунёданд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG