Бештари коршиносон ба ду ҷиноҳ қисмат шудани Ҳизби демократи Тоҷикистон дар арафаи маъракаи муҳимми сиёсии соли гузашта-интихоботи раёсати ҷумҳуриро як нақшаи аз қабл тарҳрезишуда дар долонҳои ҳукумат арзёбӣ ва ислоҳоти сохтори идории давлати Тоҷикистон дар пайи пирӯзии Эмомалӣ Раҳмонов дар ин интихоботро низ навъе аз ивазсозии муҳраҳо дар бозии шоҳмот унвон карданд.
Интихоботе, ки президент Раҳмоновро аз миёни панҷ муддаии курсии раёсати ҷумҳурӣ барои давраи саввум ва ба муддати ҳафт соли баъдӣ президенти кишвар эълом кард,дар дохили кишвар аз сӯи Раҳматулло Зоиров-раиси ҳизби сосиал-демократи Тоҷикистон ғайриқонунӣ арзёбӣ шуд. Дар хориҷ аз кишвар аз ҷумла дар гузориши солонаи вазорати умумри хориҷаи Амрико ва низ натиҷагири САҲУ таъкид шуд, ки интихоботи президентии соли 2006-и Тоҷикистон зоҳиран бо риояти мавозини байналмилалӣ сурат гирифта бошад ҳам, аммо дар асл бидуни рақобат ва ширкати ҳарифи воқеӣ анҷом шудааст.
Бо ин вуҷуд, ки Комиссиюни марказии интихобот ҷараён ва баргузори интихоботи мазкурро мутобиқ бо қавонини кишвар арзёбӣ кард аммо ба эътиқоди коршиносон таблиғи руқабои Раҳмонов аз ӯ ва сиёсати ба таъйиди онҳо хирадмандонаи ӯ ва даъватҳои алании онон дар арафаи интихобот барои пуштибонӣ аз Раҳмонов ин маъракаро ба мазҳака бадал кардааст.
Аммо лидери сосиал-демократҳои Тоҷикистон ҳамин ҳоло низ аз боби машрӯияти интихоботи президентӣ ва ба хусус ширкат ва пирӯзии ба қавли вай ғариқонунии Эмомалӣ Раҳмонов бо додгоҳҳои кишвар вориди мубоҳиса мебошад.Ва ният доштааст бо таййи ҳамаи мароҳили қазоии кишвар масъаларо дар додгоҳи байналмилалӣ матраҳ кунад.
Онгуна, ки таҳлилгарони сиёсӣ пешгӯӣ мекарданд эъломи таҳрими интихоботи президентӣ аз сӯи Ҳизби демократи Тоҷикистон бо роҳбарии Маҳмадрӯзӣ Искандаров- раиси зиндонии ин ҳизб боиси ба ду шоха қисмат кардани он шудааст. Вазорати адлияи Тоҷикистон он шохаеро эътироф кардааст,ки аз сиёсатҳои ҳукумати кишвар пуштибонӣ мекунад.
Новобаста ба шиддати таблиғоти нашрия ва расонаҳои расмӣ аз барномаи ислоҳоти сохтори идории давлати Тоҷикистон ва коҳиши шумори вазорат ва кумитаҳо аз 25 ба 17 коршиносон ин ислоҳотро номуваффақ талаққӣ мекунанд. Зеро меафзоянд ин коршиносон ҳарчанд чанд ниҳоде бо ҳам як шудааст, аммо теъдоди кормандон коҳиш дода нашудааст ва аз дигар сӯ онҳое дубора ба ин мақомҳо таъйин шудаанд,ки солҳои зиёд дар мансабҳои давлатӣ фаъолият доштаанд.
Дар ин миён даргузашти Сайид Абдуллоҳи Нурӣ-раиси ҲНИТ дар тобистони соли гузашта низ ба фазои сиёсии кишвар бетаъсир набудааст.Зеро ин ҳизб ,ки қаблан аз ширкати ҳатмии номзадаш дар интихоботи раёсатиҷумҳурӣ сӯҳбат мекард ,баъди марги пешвои худ аз ширкат дар ин маърака парҳез кард.
Ва аммо як иттифоқоти дигари сиёсие,ки дар арафаи Наврӯзи имсол ба вуқӯъ пайваст таъсиси созмоне бо исми «Ватандор» дар хориҷ аз кишвар буд, ки аз сӯи Додоҷони Атовулло- сардабири нашрияи «Чароғи рӯз» дар шаҳри Маскав эълом шуд. Дар мавриди фаъолияти ояндаи ин созмон коршиносон ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи кишвар назарҳои мутавофит доранд,ки бозтоби онҳо дар барномаҳои то Наврӯзи имсола дар радиои Озодӣ сурат гирифта буданд.

Ба ошхонаю чойхонахо ин ОФАТИ НАСИЯ меоя. Насяхурхои бевозврат
Бо Рузи 8-уми Март Тамоми Занхои Точикистон ва тамоми хайати кори бонувони Радиои Озодиро табрик намуда ба онхо пеш аз хама хушбахти дар оила, тансихатиро хохонам. Муборак бошад Бонувон Идатон. 😍😍😍😍😍❤️❤️❤️❤️❤️❤️👋👋👋👋👋👋
90 фоизи нархаш аз коррупсия ва порадиҳи сохта шудааст, барои ҳамин ин қадар қиммат, тақрибан ҳар як чорогакрр ба нархи Айфони 12 насли нав насб кардаанд))
Комилан дуруст. Баъзан мебинед, ки дар забони форсии хозира бо таъсири забонхои аврупои иборахои нав ворид шудаст ва на он кадар ба мантик дуруст меоянд, вале мо дурусти худро партофта, надурусташон кабул мекунем. Мисол, "барои бори аввал" кабул карданд баъзе "забондонхои бохабар" чои "аввалин бор" аз форсии хозира, ки тарчимаи тахтуллафз аз забони англисист.
Ин ҳукумат давно муфлис шудагӣ, фақат парашюти пропагандаи патриотизми дурӯғин ва доду фарёди роғунсозӣ онро нигаҳ дошта истодаанд. Он парашют як рӯз медарад, чунки ҳаррӯза хабарҳои интернет дар он сурохиҳо канда истодаанд ва ин ҳукумат бо ҳама дегу косааш ба замин хоҳад хӯрд.