Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон Мартин Лютер Кинг дорад?


Зафар Мирзоев, коршиноси мустақил мегӯяд, тоҷикон ба ягон пешво ва озодиҳои расмӣ эътиёҷ надоранд, зеро озодӣ маниши зиндагии онҳо будааст: «Ин мардумро озодагон мегуфтанд. Ба касе зулм раво намедиданд ва худ низ зулмро таҳаммул намекарданд. Аммо дар ҳазорсолае, ки таҳти истибдоди мардуми рамагарду бодиянишин буданд, ба ин мардум як табиати ғуломие ворид шуд. Маҷбур буданд, ки бо ин истилогарони хунхорамаст созиш кунанд ва то андозае ғурури озодагии худро аз даст бидиҳанд. Онҳо як маниши ғуломиро пазируфтанд. Аммо моро ҳеҷ гоҳ бо сарнавишти мардуми сияҳпӯсти Мартин Лютер Кинг намешавад муқоиса кард. Зеро мо акнун ки истиқлолияти худро ба даст овардем, ҳамон озодагии худро ором-ором барқарор мекунем.»

Аммо Саймуддин Дӯстов, коршиноси сиёсӣ мегӯяд, ниҳодҳои гуногуни дохиливу байнулмилалӣ таҳти шиорҳои дифоъ аз ҳуқуқҳои инсон дар Тоҷикистон фаъолият мекунанд, аммо вазъ дар ин маврид ҳамоно нигаронкунанда боқӣ мондааст: «Валекин ин маънии онро надорад, ки кӯшишҳо барои ҳифзи ҳуқуқҳои инсон дар кишвари мо нестанд. Бигирем, худи ҷаноби Раҳмонов чандин мартаба аз минбарҳои бонуфуз ба дифоъ аз ҳуқуқи мусулмонон ҳарф заданд ва талаб карданд, ки ба ҳуқуқҳои мусулмонон эҳтиром шавад дар сатҳи байнулмилалӣ. Ин амали хеле боҷуръатона буд аз сӯйи эшон. Ва бигирем, ҳастанд нафароне, ки пуштибонӣ мекунанд аз ҳуқуқҳои инсонҳо дар сатҳҳои гуногун. Масалан, роҳбари Ҳизби сотсиал-демократ, ҷаноби Раҳматулло Зойиров. Аз рӯи иттилоъи ман, ҳар нафаре, ки ба он кас муроҷиат мекунад, ёрии ҳуқуқӣ ё ҳадди ақалл маслиҳати ҳуқуқӣ аз он кас мегирад».

Баъди касби истиқлолият дар саҳнаи сиёсати солҳои 90-и Тоҷикистон як идда раҳбароне ба ҷомиа ҳамчун мудофеъи манофеъи миллӣ ва ҳуқуқҳои шаҳрвандони кишвар муаррифӣ шуданд. Аммо ҷанги шаҳрвандӣ шурӯъ шуд ва ҳарфҳо дар бораи ин муҳофизони ҳуқуқҳои мардуми Тоҷикистон мисли худи онҳо аз фазои сиёсии кишвар дур шуданд. Шокирҷон Ҳакимов, коршиноси сиёсӣ мегӯяд, замони рӯйи кор омадани шахсиятҳое, ки аз ҳуқуқҳои мардуми Тоҷикистон дифоъ кунанд, гузаштааст: «Шахсиятҳое буданд, ки заминаи иҷтимоӣ доштанд ва миӣни мардум маҳбубияти хоса низ. Аз ҷумла Тоҳири Абдуҷаббор, Сайфиддин Тӯраев, Ҳоҷӣ Акбари Тураҷонзода, як давраҳои муайян Абдулмаҷид Достиев, Давлат Худоназаров, Юсуфҷон Аҳмадов ва ғайраҳо. Аммо вақте ҷанги шаҳрвандӣ шуд ва Созишномаи сулҳ ба имзо расид, баъзеи номбаршудаҳо барои кор кардан дар мақомоти давлат розигӣ доданд, ба амнияти баъзеи дигар хатар таҳдид мекард, дар натиҷа онҳо аз ҳаёти фаъоли сиёсӣ дур монданд. Ва имрӯз ҳастанд сиёсатмадорони насли нав, ба монанди Раҳматулло Зойиров, Муҳиддин Кабирӣ, як давраи муайян ин нақшро кӯшиш кард Муҳаммадрӯзӣ Искандаров бозӣ кунад, Ҳоҷимуҳаммад Умаров, яке аз шахсиятҳои аз нуқтаи назари сиёсӣ пухтарасида. Аммо чун имрӯз як муҳити мусоид ва иродаи сиёсӣ нест, инҳо дар ба амал баровардани андешаҳои худ маҳдуд мебошанд.»

Оқои Ҳакимов мегӯяд, имрӯз Тоҷикистон ба як гурӯҳи шахсиятҳое эҳтиёҷ дорад, ки аз лиҳози сиёсӣ, иқтисодӣ, диниву фарҳангӣ кишварро ба ҳам оранд. Вай афзуд, дар Шарқ рӯйи кор омадан ва минҳайси раҳбари як миллӣ шинохта шудани як шахс бидуни ихтиёр як шоҳигарӣ ва ё диктотуриро ба вуҷуд меорад.

Бархе аз коршиносони Тоҷикистон шахсияти Маҳатма Ганди - аз аввалин муборизони истиқлолияти Ҳиндустонро низ мисол меоранд. Ганди аввалан маҳбубияташро миёни ҳиндуҳои муҳоҷири меҳнатӣ дар Африқо ба даст овардааст ва ба ватан баргашта, дар қатори сардамдорони ҳаракати миллӣ-озодихоҳии Ҳиндустон алайҳи мустамликадорони инглис қарор гирифт.

Нуралӣ Давлатов, коршиноси умури сиёсӣ, мегӯяд, дар ибтидои солҳои 90 он раҳбароне, ки таҳти ливои сабзи ислом ва ё барқарории ҳукумати конститутсионӣ баромад карданд, натавонистанд аз ӯҳдаи дифоъи ҳуқуқҳои мардуми Тоҷикистон бароянд. Вай афзуд, ҳар роҳбаре, ки даъвои дифоъ аз ҳуқуқҳои мардуми Тоҷикистон мекунад, аввалан бояд барои дифоъ аз ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русия кунад: «Тоҷиконе, ки имрӯз дар Тоҷикистон ҳастанд, то андозае имрӯз аз ҳуқуқҳои худ бархӯрдоранд. Аммо имрӯз маълум нест, ки теъдоди муҳоҷирини меҳнатии тоҷик дар Русияву дигар кишварҳо чӣ қадар аст. Аз 300 ҳазор то 1,5 миллион ҳадс зада мешавад, аммо мушахасан чӣ қадар? Аксари онҳое, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ ба сар мебаранд, аз оддитарин ҳуқуқҳои инсонӣ маҳруманд. То замоне, ки таъмини ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик мавриди баррасӣ қарор намегирад ва як нафар натавонад, ки ба ҷомиаи ҷаҳонӣ ин мушкилро расонад, дар мавриди Мартин Лютер Кинг дар Тоҷикистон ҳарф задан бефоида аст.»

Ба суоли «оё Тоҷикистон ба ҳамчунин шахсияте ба монанди Мартин Лютер Кинг эҳтиёҷ дорад?» гуфт, ин гуна эҳтиёҷ вуҷуд дорад. Аммо, афзуд вай, дар дунёи муосир зуҳури як шахсияти фарогири миллӣ дар Тоҷикистон имкон надорад. Зеро муборизаи ҷаҳонӣ алайҳи ифротгароиву терроризм ва муассирии қудратҳои ҷаҳонӣ ба вазъи кишвар имкон намедиҳад, ки касе барои дифоъ аз ҳуқуқҳои мардуми Тоҷикистон садо баланд кунад. Ва дар посух ба суоли «оё ҳамчунин роҳбареро ба монанди Мартин Лютер Кинг дидаанд?» аксари коршиносон аз шахсияти Аҳмадшоҳи Масъуд, чеҳраи шинохтаи таърихи муосири Афғонистон мисол оварданд, ки барои дифоъ аз манофеъ ва ҳуқуқу озодиҳои мардуми кишвараш аз дасти террористон кушта шуд. Ҳамон тавре ки дар замони худ Мартин Лютер Кинг ва ҳам Маҳатма Ганди кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG