Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суғд: муҷозот ва афви аъзои гурӯҳи ҷинояткор


Додгоҳи вилояти Суғд 10 тан узви гурӯҳи ҷинояткори 14-нафариро, ки ба содир кардани ҷиноятҳои вазнин – терроризм, таъсиси гурӯҳи ҷиноӣ, ҳамдастӣ дар ҳамлаҳои мусаллаҳона ба боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Қайроққум ва қароргоҳи марзбонии Исфара дар соли 2006 – гунаҳкор дониста, ба муддатҳои аз 5 то 29 сол равонаи зиндони низомаш сахт кард.

Аъзои ин гурӯҳ, ки ба Ҳаракати исломии Узбакистон ҳамдастӣ доштаанд, дар як ҳамлаи мусаллаҳона ба қароргоҳи марзбонони тоҷик дар Исфара дар соли 2006 муттаҳам шуданд. Ҳарчанд Муҳайё Қайюмова, Мухтасар Мадаминова, Валияхон Ҳасанова нахуст ба муддатҳои 10 – 11-солӣ зиндон шудан муҷозот гардиданд, вале қозии додгоҳ тибқи қонуни афв онҳоро дар худи толори мурофиъаи додгоҳ озод кард.

Баҳодур Бобоев, яке аз муттаҳамини дигар, ки гуноҳаш собит нашуд, низ дар толори мурофиъа озод карда шуд.

Дар ҳамин ҳол Юсуф Раҳматов, сарвари ин гурӯҳ, ки ҳамчун ронанда дар ҳамлаи мазкур ширкат дошт, барои 29 сол равонаи зиндон гардид.

XS
SM
MD
LG