Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргириҳо дар вилояти Ғазнии Афғонистон


IK

Дар вилояти Ғазнии Афғонистон толибони силоҳбадаст болои як корвони пулиси кишвар ҳамла карда, 8 афсарро ба қатл расонданд. Дар ҷои ҳодиса ҷасади 3 силоҳбадасти масъули ҳамла низ ёфт шудааст. Гуфта мешавад, ҳаракати Толибон масъулияти ин ҳамларо бар дӯш гирифтаанд.


Дар ҳамин ҳол сарбозони афғон ва нерӯҳои эътилофи байнулмилалии зери раҳбарии ИМА дар Афғонистон мегӯянд, ки дар як амалиёт дар вилояти ҷанубии Ҳилманди ин кишвар беш аз 20 толиби силоҳбадаст кушта шуданд.


Раҳбарияти низомиёни ИМА дар Афғонистон иттилоъ доданд, ки маъракаи нави ба истилоҳ «шикор»-и раҳбарони Толибон ва «ал-Қоъида»-ро оғоз намудаанд. Мақомоти амрикоӣ иброз доштаанд, барои маълумоте, ки боиси ҳабси 12 раҳбари маҳаллии Толибон ва «ал-Қоида» хоҳад шуд, ҷоизаи пулӣ дода мешавад.


Ин ҳам дар ҳолест, ки амалиёти ҷангӣ дар шарқи Афғонистон тамаркуз ёфтааст ва дар ҷойҳои мухталиф лавҳаҳо бо ному аксҳои ин раҳбарони маҳаллии мухолифин овехта шуда, барои ашхоси иттилоърасоназ 20 то 200 ҳазор доллар ҷоиза муқаррар гардидааст.
XS
SM
MD
LG