Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Қуръон»-и 6 миллиондолларӣ аз Русия


Дар намоишгоҳи байнулмилалии «Қуръони шариф», ки ахиран дар дар Теҳрон, пойтахти Эрон, ифтитоҳ шудааст, Русия як нусхаи басо нодири дастхати қадимаи ин китоби муқаддасро ба маърази намоиш гузоштааст.


Гуфта мешавад, нахустин дар ҷаҳон «Қуръон»-и тилоӣ дар Маскав аз рӯи текноложии баланд таҳия шудааст. Ин китоб нусхаи аслии ҳама саҳифаҳои қадимтарин дастхатти китоби муқаддаси мусалмонҳо буда, бо номи «Қуръони Усмон» маъруф аст ва дар қарни VIII китобат шудааст. Фақат фарқ дар он аст, ки ҳама ҳарфҳои ин Қуръон бо оби тилои аълосифат навишта шудаанд.

Дар ҳамин ҳол дастнависи аслии «Қуръони Усмон» дар бахши Санкт-Петербургии Пажуҳишгоҳи ховаршиносии Фарҳангистони улуми Русия маҳфуз аст. «Қуръон»-и тилоӣ тақрибан 6 миллион доллар қимат дорад.
XS
SM
MD
LG