Рӯзи сешанбе ҳукумати Ироқ гузориши Дэвид Петреус, фармондеҳи нeрӯҳои Амрико, ва Райан Кроке, сафири Амрико дар Ироқ, дар бораи коҳиши марҳала ба марҳалаи шумораи нируҳои Амрико дар Ироқро истиқбол кард.
Вале, дар ҳамин ҳол, ӯ гуфт, то замоне, ки нерӯҳои Ироқ тамрин бубинанд ва мустақилона масъулияти амнияти миллиро бар уҳда бигиранд, шумораи қобили мулоҳизаи нерӯҳои амрикоӣ дар Ироқ зарур аст.
Генерал Петреус дар иҷлоси маҷлиси намояндагони Конгресси Амрико пешниҳод карда буд, ки моҳи декабри соли ҷорӣ як қисмати иборат аз 3 500 то 4 000 сарбози артиш аз Ироқ фаро хонда шаванд. Тибқи пешниҳоди генерал Петреус аз моҳи декабр то моҳи июли соли 2008 чаҳор бригадаи дигари артиш ва ду баталион ё гурдони нерӯҳои дарёии Амрико Ироқро бояд тарк кунанд. Ба ин тартиб, шумораи нерӯҳои Амрико дар Ироқ тақрибан 30 000 нафар коҳиш ёфта, ба 130 000 хоҳад расид.
Дар ҳамин ҳол Муваффақ ал-Рубоӣ, мушовири амнияти миллии ҳукумати Ироқ, гуфт, гузориши Петреус гувоҳи шаффофият дар беҳбуди вазъи Ироқ аст: «Ҳукумати Ироқ комилан воқеъбинона ва ба таври равшан арзёбии муттаҳидини худро дарк мекунад. Мо мардуми Ироқ ва муттаҳидони худро бори дигар мутаъин месозем, ки ҳукумати Ироқ ба таври ҷиддӣ азми росихи худро ба мардум ва маҳофили байнулмилалӣ барои бунёди Ироқи демокративу шукуфо нишон медиҳад».