Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти қотили эҳтимолии тоҷик ва доғистонӣ


ли

Мақомоти интизомии Русия нафареро боздошт кардаанд, ки ба қотили видеоии ду ҷавон дар ҷумҳурии Адигея шабоҳат дорад.


Олег Елников, раиси маркази матбуотии Вазорати хориҷаи Русия гуфт, маводи видеоие, ки дар шабакаи Интернет ҷо дода шуда буд, феълан мавриди таҳқиқ қарор ёфтааст. Олег Елников аз ҷумла афзуд, мақомоти интизомӣ тахмин мезананд, ки ин навор метавонад ҳақиқӣ набошад, аммо посухи ниҳоиро дар ин замина натиҷаҳои таҳқиқот хоҳад гуфт.


Дар ин навор ду ҷавони ғайрирус, ки ба иддаои қотилон шаҳрвандони Тоҷикистону Доғистон будаанд, аз ҷониби як гурӯҳи миллатгарои тундрав ба ҳалокат расонида шудаанд. Нашри ин навори видеоӣ дар шабакаи Интернет ҳафтаи гузашта мухолифатҳои шадиди гурӯҳҳои ҳуқуқи башар ва мақомоти Тоҷикистонро ба бор овард.
XS
SM
MD
LG