Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳокимаи бандиёни собиқи Гуантанамо


Дар шаҳри Душанбе, дар Додгоҳи Олии Тоҷикистон муҳокимаи парвандаи ду маҳбуси собиқи Гуантанамо оғоз ёфт. Онҳо ба убури ғайриқонунии марз ва ширкат дар низоъи мусаллаҳона ба ҳайси муздур айбдор мешакванд. Муқит Воҳидов ва Рукниддин Шарофов ҳарду зодаи ноҳияи Исфараи Тоҷикистон дар ибтидои соли 2001 аз марзи Тоҷикистон вориди Афғонистон шуда, ба сафи Ҳаракати исломии Узбакистон пайвастаанд. Пас аз оғози амалиёти зидди террор дар Афғонистон онҳо аз тарафи генерал Абдулрашиди Дӯстум боздошт ва ба дасти нирӯҳои Иёлоти Муттаҳида супурда шуданд.


Воҳидов ва Шарофов пас аз наздик ба шаш соли зиндон дар Гуантанамо, дар моҳи марти соли равон ба дасти мақомоти Тоҷикистон супурда шудаанд. Собиқадори саввуми Гуантанамо Иброҳим Насриддинов низ он вақт ба ватан баргашта буд ва аввали имсол ба 23 соли ҳабс дар Тоҷикистон маҳкум гашт.


Намояндагони Вазорати дифои Иёлоти Муттаҳида мегуфтанд, дар Гуантанамо ҷамъан 18 шаҳрванди Тоҷикистон маҳбус буд. То ҳол наздик ба 10 нафари онҳо ба дасти мақомоти Тоҷикистон супурда шуданд.
XS
SM
MD
LG