Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Айбдории сарбози амрикоӣ ба қатли пирамарди ироқӣ


KB

Як қозии низомии додгоҳи амрикоӣ сержанти нирӯҳои дарёии кишварашро дар куштори як ироқии мулкӣ дар шаҳри Ҳамандияи Ироқ соли гузашта айбдор донист.


Сержант Лоренс Ҳутчинси 23-сола эҳтимол дорад, барои абад равонаи зиндон шавад.


Додситонии Амрико мегӯяд, дар як ҳодисае соли гузашта, вақте гурӯҳи таҳти фармондеии Ҳутчинс дар боздошти як шӯришии ироқӣ ноком гардид, вай ин пирамарди ироқиро ба қатл расонид.
XS
SM
MD
LG