Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тасмими нави донишҷӯи ҳиҷобдор


Донишҷӯдухтари тоҷик Давлатмоҳ Исмоилова, ки бо шикояти худ аз Вазорати маорифи Тоҷикистон ва Донишгоҳи забонҳо дар масъалаи ҳиҷоб машҳур гашт, тасмим гирифт, қазияро ба додгоҳи зинаи болоӣ пешниҳод кунад.



Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе аризаи ӯро рад кард. Вале муддаъӣ ва вакили ҳуқуқии ӯ мегӯянд, танҳо шеваи шикоят рад шуда, асли масъала ҳалношуда боқӣ мондааст ва биноан Исмоилова бо ислоҳи шеваи шикоят ба додгоҳи баландтар муроҷиат мекунад.
XS
SM
MD
LG