Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиш дар маркази Ню Йорк


Таркиш ва фағонаи дуди ғализ дар маркази шаҳри Ню Йорк шоми дирӯз сабаби тарсу ҳарос ва таъҷилан ба ҷои амн кӯчондани бошандагони чандин бинои баландошёна гардид. Гуфта мешавад, дар ин таркиш як нафар ба ҳалокат расидааст, вале мақомот эҳтимоли ҳамлаи террористиро рад мекунанд.



Сӯхторнишонҳо ва гурӯҳҳои вазъи фавқулодда зуд ба ҷои воқеъа расиданд ва гуфта мешавад, як кура ё люки лулаҳои зеризаминии буғ мунафаҷир шудааст. Таркиш дар наздикии яке аз истгоҳҳои марказии метрои шаҳр дар ноҳияи Манҳеттен ба амал омад.
XS
SM
MD
LG