Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Соҳибони аслии Индиго дигар шуданд


Ширкати дурпайванд ё телекоми ТелиаСонера, ки моли Шведсия ва Финлонд мебошад, ба маблағи 300 миллион доллар ширкати амрикоии MCT-ро, ки таъминкунандаи робитаи телефонии бесими Осиёи Марказист, ба моликияти худ табдил дод.

Бо харидани 100 дарсади саҳмияҳои MCT, ТелиаСонера бахши аъзами саҳми ширкатҳои Коскоми Узбакистон ва CJSC- Индигои Тоҷикистонро ба даст овард.

ЭмСиТи аз соли 2001 дар ин кишварҳо фаъол буда, ҳамчунин имтиёзи ақали ширкати Рушани Афғонистонро дар даст дошт.
XS
SM
MD
LG