Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ироқ: талафоти амрикоиён ва гаравгонгирии навбатӣ


Аз Ироқ дар бораи ҳалокати боз чаҳор низомии амрикоӣ хабар расид.


Ба итилоъи ҳайъати фармондеҳии Иёлоти Мутатҳида дар Ироқ, ду сарбоз дар задухӯрдҳо дар вилояти Диёл ва ду нафари дигар бар асари таркиши майнҳо дар шаҳрҳои Бағдод ва Байҷӣ кушта шуданд.


Аз шурӯъи амалиёти низомӣ дар Ироқ беш аз севу ним ҳазор афсару сарбози амрикоӣ ҷон бохтаанд.


Тибқи як хабари дигар, дирӯз, 6-уми июн, дар Бағдод афроди ношинос шаш тан аз насрониҳоро гаравгон гирифтаанд.


Гуфта мешавад, як рӯҳонӣ ва панҷ наврас дар ҳоле рабуда шуданд, ки онҳо ба мактаби мазҳабии маҳаллӣ ворид мешуданд. Се рӯз пеш дар шаҳри Мосул дар даромадгоҳи ибодатгоҳ як рӯҳонии насронӣ ва се ёвари ӯ кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG