Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Висоли баъд аз ним қарни фироқ


Сӯҳбати амакбачаҳо баъди ним аср

Таъқиботи режими сталинӣ дар солҳои сиюми қарни гузашта ба Тоҷикистони дурафтода низ расида буд. Дар ин гирудорҳо аъзои бисёре аз хонаводаҳо аз ҳам ҷудо шуданд. Фарзандони онҳо то ҳол умед доранд, ки рӯзе ба дидори хешовандони худ хоҳанд расид.

Афроди дигаре низ ҳастанд, ки бо амри сарнавишт аз ватан берун рафтаанд ва ҳар гуна иртибот бо пайвандони худро аз даст додаанд. Чунин афрод ҳатто бовар надоранд, ки аз хешовандонашон касе боқӣ монда бошад ва онҳоро бишносад. Шояд ҳамин андеша то ҳол онҳоро дур аз Ватан нигоҳ медорад. Пулод Элдаров низ бар чунин бовар буд. То шиносоӣ бо хабарнигори Радиои Озодӣ.

Пӯлод Элдаров дар ҷомеъаи имрӯзи Қазоқистон шахсияти мӯътабари фарҳангист, профессор ва узви Фарҳангистони ҳунарҳои зебои ин кишвар аст. Пулод Элдаров дар як мулоқоти тасодуфӣ бо ҳамкори мо Насибҷони Амонӣ дар Алмаато ошно мешавад, ба вай рози дил мегӯяд ва изҳор медорад, ки мехоҳад хешовандонашро дар Тоҷикистон пайдо кунад.

Ҳамкори дигари мо дар вилояти Суғд Маъсуми Муҳаммадраҷаб дар ҷустуҷуи хешовандони Пулод Элдаров дасти кӯмак дароз намуд....

.......

Дар охири солҳои сиюми қарни гузашта дар натиҷаи таъқиботи режими сталинӣ падари Пулод Элдаровро ба далели ин, ки вай як корхонаи хурди равғанкашӣ ва чанд гов доштааст, мақомоти интизомии вақт боздошт мекунанд ва бад-ин тариқ вай нопадид мешавад. Баъд аз он сарнавишти хонуми вай ва кудакаш Пулод барои хешовандонаш дар ноҳияи Конибодом номаълум мемонад.

Ахиран, хабарнигори мо Маъсуми Муҳаммадраҷаб дар Конибодом хешовандони Пулод Элдаровро пайдо кард. Аз хешовандони наздики ӯ, амакбачааш Ғанибой Ҳамроев бо хонаводаи худ дар Конибодом ба сар мебаранд.

Рамзи радио дар паҳлӯи сарлавҳаро пахш бикунед ва сӯҳбати нахустини телефонии ин ду хешовандро бишнавед. Дар як хати телефон амакбачаҳое, ки танҳо нав ҳамдигарро шинохтанд, Ғанибой Ҳамроев аз Конибодом ва Пӯлод Элдаров аз Алмаато ва дар студияи Прага Нурмуҳаммади Холзода нишастаанд.
XS
SM
MD
LG