Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кашфи миқдори бузурги силоҳи эронӣ дар Туркия


cr

Мақомоти Туркия дар як қатори боркаш, ки аз Эрон ба Сурия ҳаракат мекард, миқдори бузурги силоҳро ошкор карданд.


Ба иттилоъи намояндагони додситонии Туркия, ин силоҳ, асосан автомату туфангҳо баъди он кашф гардид, ки рӯзи 25 май мусаллаҳони курд ин қаторро дар ҷанубу шарқи Туркия инфиҷор карданд.


Мақомоти Туркия ҳадс мезананд, ки ин силоҳ барои мусаллаҳони гурӯҳи Ҳизбуллоҳ пешбинӣ шуда буд ва бояд аз Сурия ба Лубнон интиқол меёфт.
XS
SM
MD
LG