Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусодира шудани наворҳои мазҳабӣ дар Тоҷикистон


Нозирҷон Бӯриев, сардори шуъбаи равобити ҷамъиятии Кумитаи амнияти миллии кишвар, гуфт: «Ҳоло нусхабардории филму наворҳо, кассетҳои гуногуни видеоӣ ва аудиоӣ, ки хусусиятҳои зиддиқонунӣ доранд ва дар онҳо ақидаҳои терорристӣ, фаҳш ва куштор илқо мешаванд, дар кишвари мо афзудааст. Кормандони мақомоти бехатарӣ рӯзи 17-уми майи соли равон беш аз ҳазор адад кассетаҳои аудиоӣ, видеоӣ ва ҳудуди чор ҳазор дискҳоро дар оташдони корхонаи «Текстилмаш» сӯзониданд».

Раҷабалии Саидзод, фурӯшандаи яке аз дукони кассетҳои пойтахт, ба радиои «Озодӣ» гуфт, панҷ рӯз қабл кормандони амният маҷмӯъи китобҳо, наворҳои видеоӣ ва дискҳои дукони ӯро аз санҷиш гузаронида, беш аз сад адад наворҳои Эшони Нуриддин ва Ҳоҷӣ Мирзоро бо худ бурдаанд.

Ин фурӯшанда мегӯяд, ҳарчанд харидорони дискҳои амри маъруфи Эшони Нуриддин хеле зиёданд, аммо вай бо дастури шифоҳии кормандони амният дигарбора ҳаққи фурӯши ин наворҳоро надоштааст: «Бештар дискҳои амри маъруфи Эшони Нуриддин ва Ҳоҷӣ Мирзоро, ки дар бораи ислом суҳбат мекунанд, гирифта бурданд. Пас аз тафтиш фурӯхтани ин дискҳоро манъ карданд. Аммо бо дискҳои Самеъ Юсуф, ки аслан ба арабӣ таронаҳои мазҳабӣ мехонад, кор надоштанд».

Парвиз Ҳакимов, як дукондори дигар, мегӯяд, ки қаблан Кумитаи радиову телевизион ва Шӯрои уламои Тоҷикистон феҳристи дискҳоро, ки бояд ба фурӯши умум гузошта шаванд, муайян мекарданд. Ба қавли ӯ, то ҳол тартиботе дар фурӯши наворҳои мазҳабии исломӣ вуҷуд надорад ва ин кори онҳоро боз ҳам мушкилтар мекардааст: «Ин ҷо як масъала аст, ки бояд қозиёт муайян кунад, яъне кадом дискҳо фурӯхта шаванд ё нашаванд. Ин сустии кори қозиёт аст. Аз ҷониби дигар, Кумитаи телевизион ва радио ҳам бояд муҷаввиз бидиҳанд. Ҳоло намедонӣ, ки фурӯши кадом дискҳо қонуниянд ё ғайриқонунӣ?»

Аммо вақте ин суолро дар Шӯрои исломӣ ва раёсати кор бо дини Вазорати фарҳанг матраҳ кардем, онҳо аз шарҳи ин масъала худдорӣ карданд.

Дар ҳамин ҳол коршинос дар умури дин Муҳаммадалии Ҳайит мегӯяд, аслан дар баромадҳои Эшони Нуриддин ва Ҳоҷӣ Мирзо нуктаҳоеро дарнаёфтааст, ки хилофи сиёсати давлатӣ бошанд. Ин коршинос таъкид мекунад, ки ба ин тартиб ҳукумат мехоҳад мавқеъи дини ислом ва пешвоёни онро дар Тоҷикистон танг кунад: «Амри маъруфи баъзе аз эшону муллоҳое, ки дар дуконҳо фурӯхта мешаванд, аслан равияи ахлоқӣ ва пандуандарзӣ доранд ва мардумро бо ислом ва шариъати исломӣ ошно мекунанд. Фикр мекунам, ин амал як навъ «ҳамлаи густурда» алайҳи ислом дар кишвар мебошад».

Пеш аз ин иқдоми Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон, Вазорати маорифи кишвар пӯшидани ҳиҷоб барои муҳассилини макотибу донишгоҳҳоро мамнӯъ эълон кард, ки барангезандаи баҳси зиёдео дар ҷомиъаи кишвар гардидааст.
XS
SM
MD
LG