Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ирсоли парвандаи 14 узви ҲИУ ба додгоҳ


mm

Додситонии вилояти Суғд таҳқиқи парвандаи чаҳордаҳ нафар мазнун ба узвият дар Ҳаракати исломии Узбакистонро анҷом дода ва ин парвандаро барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол кардааст. Ин чаҳордаҳ нафар, ки се нафари онҳо зан мебошанд, ба занни узвият дар ҲИУ, фаъолият дар гурӯҳҳои аҳдофи терористӣ дошта, таъсиси гурӯҳҳои ифротӣ, нигаҳдорӣ ва истифодаи силоҳ ва расонидани зарар ба моликияти давлатӣ аз ҷониби додситонӣ муттаҳам дониста мешаванд.
Додситонӣ ҳамчунин се зан узви ин гурӯҳро низ дар убури ғайриқонунии марз, таълими ғайрирасмии атфол бо ҳадафҳои ифротагароӣ ва кӯмак ба фаъолиятҳои гурӯҳҳои терористӣ мутаҳам кардааст.
Боздошти ин афрод дар тирамоҳи соли гузашта дар пайи ҳамла ба як посгоҳи марзбонони тоҷик дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон дар ноҳияи марзии Исфара сурат гирифта буд.
XS
SM
MD
LG