Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Конгресси Амрико ихроҷи нерӯҳо аз Ироқро напазируфт


Маҷлиси намояндагони Амрико пешниҳодот барои ихроҷи нерӯҳои ҷангии Амрико аз Ироқро дар зарфи нӯҳ моҳ напазируфтааст.


Ин пешниҳодро вакилони Ҳизби демократ, ки мухолифи ҷанг дар Ироқ ҳастанд, ироа карда буданд.


Акнун Маҷлиси намояндагон пешниҳоди дигареро баррасӣ дорад, ки бар асоси он маблағгузории ҷанги Ироқ барои чанд моҳ маҳдуд мешавад ва агар вазъ дар Ироқ беҳбуд ёбад, маблағгузорӣ барои моҳҳои баъдӣ низ идома меёбад.


Аммо Ҷорҷ Буш, раиси ҷумҳури Амрико гуфтааст, ки ин гуна қонуни конгрессро вето хоҳад гузошт.
XS
SM
MD
LG