Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раисиҷумҳурии Туркияро кӣ интихоб мекунад?


Кумитаи Қонуни асосӣ дар порлумони Туркия тавсия додааст, то интихоботи умумӣ дар ин кишвар рӯзи 22 июл баргузор гардад. Интизор меравад, ки ҳамин ҳафта дар порлумони Туркия дар робита ба ин тавсия раъйгирӣ баргузор шавад.


Қабл аз ин, рӯзи чаҳоршанбе, нахуствазири Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон барои ҳалли буҳрони сиёсӣ дар мавриди интихоби раиси ҷумҳур ба порлумони кишвараш расмаш пешниҳод кард, то 24 июни соли ҷорӣ дар кишвар интихобот баргузор кунад.


Дар ин робита вай гуфт, ки ба порлумон пешниҳод хоҳад кард, то низоми интихоботи раиси ҷумҳурро ислоҳ кунад. Ҳоло дар Туркия раиси ҷумҳурро порлумон барои панҷ сол интихоб мекунад, вале Раҷаб Таййиб Эрдуғон мехоҳад, то президентро аз ин ба баъд худи шаҳрвандони Туркия интихоб кунанд.
XS
SM
MD
LG