Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Бадахшон 14 милисаро аз кор пеш карданд


МШ

Сар аз соли равон Раёсати корҳои дохилаи Бадахшон 14 кормандашро аз сафҳои хеш озод кардааст. Сардори Раёсати корҳои дохилаи Бадахшон Абдулло Навҷувонон раванди озодкунии кормандони раёсатро марбут ба тозакунии сафҳои милиса аз ашхоси тасодуфӣ ва алоқаманд бо гурӯҳҳои ҷиноӣ арзёбӣ кард. Вай гуфт, ба фаъолияти милиса мардум бо назари интиқодӣ менигарист ва мо мақсад гузоштем тозакуниро аз сафҳои худамон шурӯъ кунем.


Дар соли равон дар қаламрави вилоят дар муқоиса бо ҳамин давра 50 адад ҷиноят камтар содир шудааст. Сардори раёсат беҳтаршавии вазъро натиҷаи таҳким ёфтани ҳайъати шахсии милиса ва пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ марбут ба таҳкими қонуният дар байни мардум мешуморад.


Ҳамчунин кормандони раёсат дар ин давра аз гардиши ғайриқонунӣ 49 килограмм маводи мухаддар ва 31 мил силоҳи оташфишонро аз дасти мардум мусодира кардаанд. Дар ҳамин ҳол, дар додгоҳи вилоятӣ мурофиаи додгоҳии муфаттиши шӯъбаи корҳои дохилаи ноҳияи Мурғоб шурӯъ шудааст, ки ба сӯистифода аз ваколат ва кӯшиши ситонидани пора муттаҳам гардидааст.
Мирзоҷалоли Шоҳҷамол, Хоруғ
XS
SM
MD
LG