Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин барои охирин бор ба порлумон сухан мегӯяд


Имрӯз, 26 апрел, қарор аст, раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин дар баробари ҳар ду палатаи порлумони кишвараш бо суханронии солонаи худ ҳозир шавад.


Амалан, ин охирин чунин суханронии Путин дар баробари порлумон хоҳад буд, чунки ваколати раёсатҷумҳурии вай марти соли оянда ба анҷом мерасад ва тавре худи ӯ гуфтааст, ният надорад барои мӯҳлати навбатӣ довталаби курсии раёсатҷумҳурӣ шавад.


Путин суханронии худро бо сабаби даргузашти нахустин президенти Русия Борис Елсин як рӯз мутаваққиф кард. Елсин 23 апрел дар синни 76-солагӣ бар асари норасоии қалбӣ даргузашт.
XS
SM
MD
LG