Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сели харобиовар дар Панҷакент


ih

Беш аз 300 манзили зисти рустоҳои Зиддӣ ва Ёрии ноҳияи Панҷакент бар асари боронгарии шадид ва сели шаби гузашта тахриб шудаанд. Офат талафоти ҷонӣ дар пай надоштааст.


Маҳмудҷон Исрофилов, муовини раиси шаҳри Панҷакент ва ҷонишини ситоди ҳолатҳои изтирории ҳукумати шаҳр ба Радиои Озодӣ гуфт, сел соати чори субҳ омада ва манозилро тахриб кардааст. Бино бар қавли ӯ, бар асари офат ҳамчунин дар чаҳор ҷамоати дигар ва қисмати шарқии шаҳр ҳудуди яку ним километр хатҳои интиқоли об, чаҳор километр хатҳои алоқа ва барқ ва ҳудуди сесад ҳектор заминҳои кишту зироат ва боғот хароб шудааст.


Муовини раиси шаҳр гуфт, ҷиҳати рафъи оқибатҳои ин офат ва кӯмак ба сокинони хисоротдида як гурӯҳи вижа таъсис ёфтааст.


Соли гузашта дар пайи боришоти пайдарпай ва омадани сел чаҳор сокини Панҷакент ҷони худро аз даст дода буданд ва панҷсад хонавода аз манозили зист маҳрумшуда буданд.
Шоҳини Равшан, Панҷакент
XS
SM
MD
LG