Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вуқӯъи заминларзаи шадид дар Тоҷикистон


Субҳи имрӯз, сеюми апрел, соати ҳашту ним дар Тоҷикистон заминларзаи шадид рух дод.


Бино бар қавли ниҳоди зилзиласанҷии Тоҷикистон, маркази заминҷунбӣ дар 280 километрии ҷанубу шарқи Душанбе дар хоки Афғонистон будааст, ки он ҷо замин шаш дараҷаи Рихтер ларзидааст.


Шиддати ларзаи замин дар пойтахти Тоҷикистон 4-4,5 дараҷа ва дар Хоруғ панҷ дараҷа будааст. Ҳанӯз хабаре аз хисорот нест.


Бар пояи хабари Маркази зилзиласанҷии Тоҷикистон, ҳар сол дар Тоҷикистон ҳудудан 2-2,5 ҳазор заминҷунбӣ рух медодааст.
XS
SM
MD
LG