Дуруст аст,ки ман ба жанри сарво ё ҳикоя бештар рӯ меовардам ва ин барои ман писанд низ буд, аз он хотир,ки ҳикоя зуд чоп шуда дастраси хонандагон мегашт.Жанри роман бошад ин як жанри бисёр ҳам сертараддуду тӯлонӣ аст. Як романро метавонед дар тӯли як ё даҳ сол ба итмом расонед.Ва, хушбахтона ман ин романро ,ки соли 2000 оғоз кардам ,дар як муддати кӯтоҳ -дар ним сол ба итмом расонидам.Сабаби ба роман рӯ овардани ман ин буд,ки як рӯз хостам,ки дар ин жанр низ қувва биозмоям ва барои худам имтиҳоне ҳам буд,ки оё ман дар ин жанр низ қобилияте дорам ё надорам.Чун ба навиштан оғоз кардам, дигар худро боздошта натавонистам.Ба ҳамин минвол романи «Шоҳаншоҳ» ба майдон омад.
Шумо романи «Шоҳаншоҳ»-ро «романи нав? номидаед. Магар ин жанр қаблан дар адабиёти мо набуд? Ё ин роман чизе дигар аст?
Баҳманёр: "Дар он сурат ва дар он муҳтаво ,ки ман романи «Шоҳаншоҳ» -ро навиштам дар адабиёти тоҷик қаблан набуд.Лекин дар адабиёти ғарб ба ин мафҳум маъруфу машҳур буд. Аввал дар Амрико чанд тане ба ин жанр рӯ оварданд. Аслан ин як жанреаст,ки ҳамаи унсурҳо дар он омехта мегарданд:- ҳам асотир ҳам афсона ва ҳам таъриху ва ғайраву ва ғайраҳо ба ҳам омезиш ёфта ҳамдигарро пурра мекунанд. Солҳои шастуми асри гузашта дар Амрико пайдо шуд:- Генри Миллеру баъдан Вонгуту Апдайк ба он пайрвӣ карданд.
Баъдан ба Аврупо кӯчид .Дар онҷа бисёр нависандаҳои фаронсавию англисӣ ба он пайравӣ карданд.Ва баъдан солҳои 80-у 90 ба баъзе мамлакатҳои Прибалтика кӯчид. Гурҷиҳо низ дар ин жанр пайравӣ карданд,ки яке аз нависандаҳои машҳури онҳо Отар Чиладзе хеле маъруфият ёфт.Баъдан дар адабиёти руси солҳои 90 хеле шӯҳрафт ёфт, лекин дар адабиёти мо намунаи он вуҷуд надошт.Аз ин хотир ман барои онки хонандагон дар ҳайрату шигифтӣ намонанд ,гуфтам,ки ин романи нав аст, яъне ба тарзи нав ва муҳтавои нав нависта шудааст. Ман як нуктаро гуфтанӣ астам,ки ин роман дар роман аст -як романи таърихӣ ва як романи муосир ,ки ҳардуи онҳо пайиҳам меоянд ва ҳамдигарро пурра мекунанд.Як унсури дигараш ин аст,ки ман ҷумлаҳоро чунон ба охир мерасонам,ки охири он ҷумла сарлавҳаи ҳамон пайомади худ мегардад .Ду хати сужет меравад ,лекин ҳамдигарро пурра мекунад".
Ин роман дар солҳои 2000-2001 эҷод шудааст, аммо сабаби бо таъхири зиёд яъне баъди 5 сол рӯи чоп омадани он дар чӣ буд ?
Баҳманёр: "Дуруст зикр кардед .Ин романро ман дар шаҳри Панҷакент навистам. Он вақт дар онҷо мезистам.Дар ҳақиқат солҳои 2000 оғоз кардам ва 2001 ба интиҳо расонидам.Ва азбаски аз марказ ноҳия дур буд онро ба марказ барои чоп фиристодан он қадар ба назарам мувофиқ наменамуд.Баъд аз онки ман ба шаҳри Душанбе кӯчида омадам хостам романро дар нашриёти «Адиб» чоп кунам. Дар нашриёти «Адиб» онро ба нақша ҳам гирифтанд.Лекин дар ин миён як рафиқи ман аз ман чунин хоҳиш кард,ки сарварии як маҷаллаи адабию фарҳангиро ба ӯҳда гирам.Вақте ӯ чунин хоҳишро пешниҳод кард ,ман андешидам,ки хуб мешавад ,ки романи ман аввал дар ҳамин маҷалла чоп шавад.Ва ҳамин тавр ҳам шуд .Ва мо қарор додем,ки дар маҷалла чоп шавад. Шаш моҳ мо ин журналро омода кардем.Вале баъдан бо сабабҳои иқтисодӣ журнал дастраси хонандагон нагашт ва чопи роман боз ба таъхир афтод.Баъдан ман хостам,ки дар солномаи «Сухан» чоп кунам, лекин солнома ҳам,ки тангии иқтисодӣ кашид ,роман чоп нашуд.Ва ниҳоят вақте,ки ба маҷалаи «Садои Шарқ» ба кор омадам дар дил хоҳише пайдо шуд,ки дар маҷалла чоп кунам ва мунтаҳо дар шумораи яки соли ҳолои «Садои Шарқ» ба дасти хонандагон расид".
Чанд соли пештар буд,ки шумо дар Панҷекат ба сар мебурдед ва дубора ба Душанбе баргаштед. Бигӯед,ки сабаби боз пас гаштанатон оё сулҳу салоҳ дар марказ буд ,ё ягон таҳрики дигаре ҳам шуда буд,ки шумо дубора ба Душанбе боз гаштед?
Баҳманёр: "Вақте ман дар ноҳияи Панҷакент пас аз воқеаҳои маълум зиндагиро ихтиёр кардам дар онҷо имкони дар ягонҷо кор кардан набуд ва ман тақрибан даҳ сол бе кор будам.Баъдан ки дар Душанбе оштӣ карданд ва сулҳу салоҳ баҷо шуд, ман хоҳиши онро доштам,ки биёям дар инҷо зиндагӣ кунам ва ҳам кор кунам. Ба ин хотир ман ба Душанбе омадам.Аввалҳо бекор будам- як ду сол .Баъдан ба маҷаллаи «Садои Шарқ» ба кор оғоз кардам".
Бигӯед,ки худро дар марказ чи гуна ёфтед? Оё пушаймон шудед ё қаноатманд ҳастед аз инки дубора ба Душанбе баргаштед?
Баҳманёр:" Бояд бигӯям,ки Душанбее ки ман он солҳо мешинохтам яъне солҳои 80 аз ин Душанбее,ки ман ҳозир дарёфтам хеле тафриқа дорад.Он солҳо менталитети мардуми мо дигар буд ва дӯсту рафиқони мо дар шаҳр зиёд буданд.Ва ҳоло ман мебинам,ки шаҳр сернуфус шудааст ,одамҳо зиёданд,автобусҳо хеле шулуғанд бисёр мушкилотҳое ҳастанд,ки ба онҳо одам хоҳ нохоҳ рӯбарӯ мешавад.Ва аз ин хотир камтар дилтангиву хиҷолате ҳам дар дил пайдо шуд.лекин ба хотири онки боз Душанбе имкон медиҳад,ки мо боз мавқеи эҷодии худро густариш диҳем аз ин хотир ман гумон мекунам,ки Душанбе боз беҳтар аз ноҳияҳои дигар аст".
Ҳоло маҷаллаи Иттиҳодияи Нависандагон ба моҳномаи миллии Тоҷикистон табдили мақом кардааст. Қабл аз воқеаҳои маълум шумо мудири шӯъбаи насри ҳамин маҷалла будед. Оё ҳоло агар он солҳо ва ин солҳоро бо ҳам барандоз кунем , тағйироте мебинед?
Баҳманёр: "Тағйирот хеле назаррас аст. Пеш аз ҳама аз он хотир,ки дар он солоҳе,ки мо дар ин маҷалла кор мекардем ҳарчанд,ки ман мудири шӯъба будам лекин он маоше,ки мо мегирифтем барои рӯзгорамон басанда буд ва ҳам он ҳаққи қаламе,ки ба мо мепардохтанд боз ба бисёр корҳои дигари зиндагии мо сарф мешу два мо ягон танқисие намекашидем. Аммо мутаассифона ҳоло дар ин маҷалла ҳам ба танқисии моҳона ва ҳам ба танқисии гонорар ё ҳаққи қалам рӯбарӯ ҳастем.Аз ин хотир мушкилиҳои зиёде пеш меояд 6ки гумон мекунам муваққатист ва шояд дар оянда бартараф шавад".
Ба фикри Шумо ба дигар забонҳо тарҷума нашудани асарҳои шоирону нависандагони тоҷик дар харидор надоштани онҳост ё ягон иллати дигаре ҳам дорад?
Баҳманёр: "Ман чунин мепиндорам,ки инҷо ҳам иллат дорад ва ҳам нуқсе низ ҷой дорад,ки адабиёти мо берун аз марзҳои мо шӯҳрат пайдо намекунад ва харидор ҳам намеёбад.Аввал бигӯям,ки нависандаҳои мо дар он поя менависанд,ки онро ба ҳамин туфаланги адабӣ ё ҳамин туфаланги китобӣ,ки онро «книжний бум» ба русӣ мегӯянд пешниҳод кардан нашояд. Яъне онҳо ҳам харидор намеёбанд ва ҳам тарҷумон намеёбанд.Ва иллаташ ин аст,ки масалан қаблан агар мо хеле зиёд ба забони русӣ тарҷума мешудем ҳарчанд ба забонҳои хориҷӣ камтар тарҷума мешудем лекин маҷаллае бо номи «Советская литература» вуҷуд дошт,ки ин навиштаҳор хоҳ мӯҳтавои баланд ё хоҳ мӯҳтавои паст дорад ба нӯҳ забони дунё муаррифӣ мекард.Ҳоло чунин имкониятҳо аз байн рафтаанд ва баъдан чуноне гуфтам савияи адабиёти мо музофотӣ аст ва харидор надорад.Ва баъдан иллаташ ин аст,ки мо тарҷумон надорем,ки асарҳои моро ба забонҳои мухталифи дунё тарҷума бикунад ва ба ин роҳ онро ақаллан муаррифӣ бикунад ба тариқи дигар ё бо ёфтани сарпарастҳо ё бо ёфтани нашрияҳое,ки мо ба гузашт мекунанд,кӯмак мекунанд ҳамин имкониятҳо,ки мутассифона ҳоло вуҷуд надорад. Қаблан биёед бубинем,ки барои мисол Гурҷистон дар даврони шӯравӣ махсус хонандагони худро ба мамолики хориҷӣ ,мефиристод,ки онҳо дар онҷо забонҳои ҳамон мамлакатро биомӯзанд ва биоянд ҳам аз забони гурҷӣ ба забонҳои дигар ва ҳам аз забонҳои дигар ба гурҷӣ тарҷума бикунанд.Ҳамин имкониятро онҳо ёфтанд ва карданд.Мо ҳамин имкониятро аз даст додем ва имрӯз ба он имконият ягон умед ҳам надорем.Аз ин хотир ман гумон мекунам намешавад дар ин солҳои наздик адабиёти тоҷикро ба оламиён муаррифӣ кард".
Дар замони шӯравӣ адибони мо тавассути забони русӣ аз дастовардҳои адабиёти ҷаҳон огоҳ мешуданд. Ҳоло ин имкониятро надоранд. Пас чи гунна ташнагии худро дар ин маврид мешикананд?
Баҳманёр: "Дар ҳақиқат ҳамин тур буд,ки дар замони шӯравӣ аксари адибон ,ки забони русиро медонистанд ва китобҳои русӣ ,ки хеле арзон буданд онро мехариданд ва аз адабиёти ҷаҳон каму беш шинос мешуданд. Ҳоло чунин имкониятро надоранд ба он хотир ,ки нашриётҳои русӣ китобҳояшонро бон архи гарон мефурӯшанд ва роҳ ҳам яъне интиқоли ин китобҳо аз марокизи Русия хеле гарон меафтад.Ва он китобҳое,ки масалан даҳ сомонӣ қимат дошта бошанд то Тоҷикистон меоянд,ки қиматашон 50 сомонӣ мешавад. Адибони мо имрӯз имконияти харидории ин гунна китобҳоро бо ин қиматҳо надоранд зеро аксарияташон маоши кам мегиранд.Аз ин рӯ имкони шикастани ҳамон ташнагиро надоранд. Баъдан боз як чизро таъкид кунам,ки ин чизҳоро намешавад бо кӯшиши шахсони алоҳида ё фирмаҳои алоҳида ҳал кард. Ин масъала бояд дар сатҳи баланди давлатӣ ҳаллу фасл шавад ,то ки китобҳо бо қарордодҳои махсуси давлатҳои Русия ва Тоҷикистон ба мо бирасанд.Ва баъдан шумори китобфурӯшиҳоро ҳам мебояд зиёд кард.Зеро ки шумори онҳо дар Душанбе хеле маҳдуд аст в аду се китобфурӯшие,ки ҳастанд талаботро қонеъ намесозанд.Боз як чизи дигарро зикр карданиам,ки мо метавонем масалан мо метавонем гоҳо ташнагии худро аз тарафи китобфурӯшии «Ал-ҳудо»-и Эрон рафъ кунем.Зеро бисёр китобҳои адибони дунё ба забони форсӣ тарҷума мешаванд ва ағлаби адибони мо забон ва хатти форсиро медонанд ва метавонистанд ин китобҳоро аз китобфурӯшии Ал-ҳудо»-бигиранд ё китобхонаи ройзании фарҳангё ёфарҳангистони Забони форсӣ. Лекин мутаассифона ин ҳоло маҳдуд шудааст ва китобхонаи Ал-ҳудо» низ аз байн рафтааст ва ройзании фарҳангии Эрон низ на ҳар китобро ба хонандагон медиҳад ва мо наметавоне,ки ҳамон ташнагие,ки қаблан буду ба тариқи забони русӣ мешикастем имрӯз шикаста тавонем.ман гумон мекунам,ки ин масъала ҳам хеле як масъалаи доғ аст ва бояд дар пояҳои баланд ҳаллу фасл гардад".
Акнун биёем ба сари нақшаҳои ояндаи шумо. Роман навиштанро дунбола мегиред ё ба жанри ҳикоя бармегардед?
Баҳманёр: "Ман ҳоло баъди навиштани романи «Шоҳаншоҳ»,ки тақрибан панҷ сол сипарӣ шуд ба чунин хулоса омадам,ки ман метавонам дар ду жанр кор кунам. Яъне ҳам ҳикоя бинависам ва ҳам роман. Ва ҳоло ин корро карда истодам.Яъне силсилаи ҳикояҳо ,ки ба дунболи ҳамон ҳикояҳои Сармаддеҳ навишта шудаанд дар даст дорам ва як ду роман ҳам оғоз кардаам,ки онҳо ҳоло интиҳо наёфтаанд гумон мекунам,ки солҳои наздик бояд ба интиҳо расанд ва ин усули кор то охири умр фикр мекунам идома хоҳад ёфт".
Айни замон сари чӣ асаре машғули коред?
Баҳманёр: "Бояд бигӯям,ки ман дар хона ду тайп дорам яъне ду мошини чоп,ки дар яктоаш ҳикоя ва дар дигараш роман мондаам.Бо роман агар имкони пешравӣ нашавад меоям сари тайпе,ки ҳикоя дорад ва ҳикояро идома медиҳам .Агар инаш,ки нашуд меравам сари дигариаш менишинам. Ҳамин тариқа ман дар ду соҳа дорам кор мекунам".